Гинтсбург «макри» гунаи коронавируси ҳиндиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хатари гунаи коронавируси ҳиндӣ ва тағйири шакл намудани он дар он аст, ки ин шакли вирус ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷайраҳо дар муқобили подтанҳо устувор мешавад. Дар ин бора директори Маркази илмии эпидемиология ва микробиология ба номи В.И. Гамалей Александр Гинтсбург, ки дар он ваксинаи «Спутником V» таҳия шудааст, зимни мусоҳиба бо РИА «Новости» изҳор доштааст.
«Гунаи ҳиндӣ хатарнок аст — хусусияти таъсиррасонии мутақобилаи он бо ҳуҷайраҳои мо дигар аст. Он ҳуҷайраҳоро нобуд намекунад, балки аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар гузашта, густариш меёбад ва ҳуҷайраҳои бисёрҳуҷраро ба вуҷуд меорад, ба ҳамин тартиб, вақте ки ба дарун ворид шуд, дар муқобили подтанҳо, ки дар хун гардиш мекунанд, бисёр устувор мешавад ва макри он аз ҳамин иборат аст», — шарҳ додааст Гинтсбург.
Дар ҳамин ҳол, ӯ итминон дод, ки захираи подтанҳо пас аз ваксинагузаронӣ бо «Спутник V» барои муҳофизат аз ҳама штаммҳои маълуми сирояти коронавирус кофӣ аст.
Қаблан Гинтсбург гуфта буд, ки гунаи ҳиндӣ таҷовузкортар аст — он давраи гузариш ба шакли вазнини бемориро ва вақти пайдоиши подтанҳоро кӯтоҳ мекунад.
Гунаи ҳиндии коронавирус, ки ба он номи «делта» -ро додаанд, моҳи октябри соли гузашта дар Ҳиндустон кашф карда шуд. Аз он замон он дар тамоми ҷаҳон густариш ёфт, аз он ҷумла он дар Россия ошкор карда шудааст. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин 18 июн гуфт, ки дар вуҷуди тақрибан 90% беморони COVID-19 дар Москва маҳз гунаи ҳиндӣ ошкор шудааст.
АКСИ: РИА «Новости»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






