Имрӯз панҷумин нишасти роҳбарони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ доир мегардад

Июнь 15, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 15.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ-/ЭКО/ панҷумин нишасти роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ  дар шакли маҷозӣ доир мегардад. Дар ин бора аз   Муассисаи фарҳангии СҲИ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Интизор меравад, ки дар нишаст Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ Сарвар Бахтӣ сухан карда, инчунин роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ба муаррифии китобхонаҳои миллии худ ва бозгӯ кардани таҷрибаашон  дар давраи COVID — 19 мепардозанд. Нишасти роҳбарони Китобхонаҳои  миллии кишварҳои  аъзои  дар се қисмат баргузор гардида, дар бахши сеюм баҳсу музокираи раисони китобхонаҳои миллии  СҲИ сурат мегирад.

Дар нишаст ҳамзамон Раиси Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисоти китобдорӣ доктор Кристина Макензӣ ва сарпарасти дафтари минтақаии ЮНЕСКО Стан Стоковски иштирок ва сухан менамоянд. Дар нишаст филми муаррифии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва суханронии директори  Китобхонаи миллӣ   Ҷумахон Файзализода  ҳам пахш хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорумин нишасти роҳбарони китобхонаҳои  СҲИ моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

      Акс аз Муассисаи фарҳангии СҲИ

Июнь 15, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст