«ИМСОЛ РАФТАНИ ҲАҶ ФАРЗ НЕСТ, ЗЕРО МОНЕА ВА ХАТАРИ ҶИДДӢ ВУҶУД ДОРАД». Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хабари аз ҷониби Арабистони Саудӣ манъ шудани ҳаҷро шарҳ дод

Июнь 14, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Арабистони Саудӣ эълом намудааст, ки соли 2021 наметавонад зоирони хориҷиро барои адои маросими ҳаҷ қабул кунад.  Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ин тасмимро чунин шарҳ дод:

«Имсол низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мусулмонони ҷаҳонро барои рафтани ҳаҷ манъ кардааст ва қабул намекунад. Дарвоқеъ, барои ҳеҷ фарди Тоҷикистон имсол рафтани ҳаҷ фарз нест, ба хотире, ки дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Гап дар бораи хуруҷи COVID-19 меравад, ки ҳанӯз хавфи он аз байн нарафтааст. Мардуми Тоҷикистон бояд хотирҷамъ бошанд ва аз ин ҷо дуо кунанд, то ки Худованди азза ва ҷалл ҳарчӣ зудтар ин балову вабову хатарро бартараф кунад ва  фарз ё ҳарам дубора барои мусулмонон  кушода шавад», — изҳор дошт муфтӣ.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ин бори аввал не, балки   дар тӯли таърих маротибаи  панҷум аст, ки ҳаҷ кардан барои мусалмонон дар ҳарам ё ин ки Каъбатулло манъ карда мешавад.  Бори панҷум соли 2020  чунин ҳолат ба вуҷуд омад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат дод, онҳое, ки нияти ҳаҷ  намуда,  сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар он маблағро барои ободонии манзили зисти хеш ва  атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд.

Тавре аз  як ҳадиси Пайғомбари ислом (с.а.с) мисол овард, ки дар он омадааст: «Агар мехоҳед, ки Худованди азза ва ҷалла ба шумо саодати доимӣ биёрад, ҳамеша дастгири ниёзмандон бошед ва барои саодатмандии дигарон саъю талош ва кумак кунед».  Яъне бояд   мусулмон корҳои хайр ва садақаҳои ҷорияе анҷом диҳад, то ин ки ба мақсадҳои аслӣ ва саодати абадӣ бирасад.

«Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои  пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва  фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд»,- таъкид намуд муфтӣ.

Ёдовар мешавем, ки  Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 12 июн эълом дошт, ки ба 60 ҳазор сокинони алайҳи Covid-19 эмгузаронишуда соли равон барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад. Аммо, соли дуюм аст, ки пайдарпай ба мусалмонони хориҷӣ барои адои маросими ҳаҷ иҷозат дода намешавад. Шоҳигарӣ изҳор доштааст, ки кишварҳои дигарро аз тасмимаш дар мавриди роҳ надодани зоирон аз кишварҳои хориҷӣ огоҳ кардааст.

Дар изҳороти Вазорати умури ҳаҷ, ки агентии  иттилоотии расмии Арабистони Саудӣ аз он иқтибос овардааст, гуфта шудааст, ки сафари ҳаҷ, ки моҳи июл ба нақша гирифта шудааст, ба одамони  аз 18 то 65-сола, ки бо ваксинаҳо эм шудаанд ва мубталои бемориҳои музмин намебошанд, иҷозат дода мешавад. Хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ бояд дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунад.

Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта танҳо 10 000 нафар ширкат намуданд, ки 70% онҳо хориҷиён ва 30% — саудиҳо буданд. Соли 2019, дар маросими панҷрӯзаи солонаи ҳаҷ 2,5 миллион нафар зоирон ширкат варзиданд. Ҳаҷи акбар ва ҳаҷи умра, ки тамоми сол идома меёбад, дар шакли муқаррарӣ ҳар сол ба Арабистони Саудӣ тақрибан 12 миллиард доллар фоида меорад.

Моҳи октябри соли гузашта, ин кишвар тадбирҳои маҳдудкунандаро сабук кард ва бо гузашти ҳафт моҳ бори аввал Масҷиди бузургро барои адои намоз боз кард ва ҳаҷҷи солонаи умраро қисман иҷозат дод.

Маҳдудият барои шумораи ҳоҷиёни умра дар як рӯз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳамин ҳол 60 ҳазор муъминон метавонанд намозҳои ҳаррӯзаро дар масҷид бигузоранд.

Арабистони Саудӣ аз 1 август доштани санади эмгузаронишуданро барои вуруд ба муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷойҳои фароғатӣ ва инчунин истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мекунад.

                                                               София ШОИК,
                                                             АМИТ «ховар»

Июнь 14, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд