Корхонаи «Чирадаст»-и Муъминобод хонандагони ятими куллро ба таври ройгон бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ корхонаи хурди «Чирадаст»-и ноҳияи Муъминобод либосҳои духтарона ва писарона омода намуда, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд. Нархи либосҳои ягонаи мактабӣ аз 80 то 200 сомониро дар бар гирифта, аз ҳисоби корхона ба хонандагони ятими кулл ройгон ва ба хонандагони нимятими ноҳия 50 фисад нархгузорӣ карда мешавад.
Тавре роҳбари корхонаи мазкур Фарзонаи Шариф ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов иттилоъ дод, корхона бо 56 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 литсей ва 1 гимназия шартномаи тарафайн дошта, дӯзандагони он барои ҷамъи умумии хонандагон -10 260 нафар хонанада либоси ягонаи мактабӣ медӯзанд.
Дар мадди аввал ҳар як хонанда аз 30 то 50 сомонӣ пешпардохт намуда, дар муҳлати ду ва ё се моҳ маблағи либосҳоро, марҳила ба марҳила пардохт менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хариди либоси мактаби ба мактаббачагон осонтар мегардад, чунки ҳар як оила имконияти яку якбора хариди либосҳои мактабиро надорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳолати фаро расидани соли нави хониш нарху навои сару либоси мактабӣ дар бозорҳои марказӣ ва мағозаҳо дучанд гардида, ҳар як оиларо зарур меояд, ки ба як хонанда маблағи аз 1000 то 1300 сомонӣ сарф намояд. Айни ҳол 40 фоизи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо корхона ҳамкорӣ намуда, кор дар ин самт идома дорад.
Гуфта мешавад айни ҳол дар корхона 15 нафар дӯзанда кор ва фаъолият дошта, корхона метавонад 60 нафар коргардухтаронро ба ҷои кор таъмин намояд. Масъулини корхона тасмим гирифтааст, ки либосҳои мактабиро бо сифати хуб ба мактаббачагон таъмин намуда, шартномаро бо муассисаҳои мактабӣ бештар намояд.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






