Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи дуюм беш аз 817 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи дуюми даъвати шашуми МН МО ҶТ» (1 октябри соли 2020 — 30 июни соли 2021) гузориш дод.
М. Зокирзода дар гузориши худ, аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи фаъолияти иҷлосияи дуюм 42 ҷаласаи Шӯро ва 28 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар доираи онҳо беш аз 817 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа 694 қарори Шӯро ва 223 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуданд.
Дар ин давра 131 қонун, аз ҷумла 22 қонуни мукаммал, 1 кодекс, 11 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 69 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 11 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 54 созишномаву дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз беш аз 91 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 28 лоиҳаи дигар дар баррасӣ қарор дорад.
«Аз теъдоди умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 6 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 10 лоиҳаро ташкил медиҳад. Бояд иброз намоям, ки қонунҳои қабулшуда муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим дароварда, амалияи он ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меорад ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллии кишварамон такони ҷиддӣ мебахшад», — тазаккур дод Раиси Маҷлиси намояндагон.
Ба зикри ӯ, дар давраи ҳисоботӣ бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ 6 лоиҳа, Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 4 лоиҳа, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 4 лоиҳа, Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон 2 лоиҳа, Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон 2 лоиҳа, Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ 2 лоиҳа пешниҳод гардидааст. Инчунин аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ (ба таври омехта) 18 лоиҳа таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Маҷмӯан бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагон 32 лоиҳаи қонунҳо таҳия гардида, ҳамагӣ 12 қонун қабул ва 10 лоиҳаи дигари қонун дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
«То имрӯз 10 лоиҳаи қонунҳое, ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардидаанд, бозпас гардонида шудааст. Аз ҷмула, сабабҳои баргардонидан дар хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷобаҷогузории бобҳо, мутобиқати ном бо матн, аз лиҳози имлоӣ коста таҳия гардидан ва мутобиқат накардани матни забони русии лоиҳа бо забони давлатӣ дарҷ карда шудаанд. Дар ин ҷода иброз намуданиям, ки пеш аз оне, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби муаллифон таҳрезӣ мегардад, дар кумитаву саркумитаҳо бо иштироки бевоситаи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар масъулон аз рӯйи тобеият мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешавад ва баъдан дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Бо вуҷуди ин ҳама бозпас гаштани лоиҳа нигаронкунанда мебошад, — изҳор дошт М. Зокирзода ва илова намуд — ба андешаи ман, сабаби асосии бозпасгардонидани аксарияти лоиҳаҳо аз пайгирӣ, ё ин ки ҳимоя накардани он аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад».
Раиси Маҷлиси намояндагон тазаккур дод, ки ҳолати мазкур ҳавасмандии муалифонро коста гардонида, раванди фаъолияти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилонро бамаротиб коҳиш медиҳад. “Аз ин рӯ, мо – вакилони Маҷлиси намояндагонро зарур аст, ки фаъолияти қонунгузориро дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тақвият дода, тавассути омӯзиши таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ фаъолияти қонунэҷодкунии худро густариш диҳем”, — илова намуд ӯ.
Дар давоми иҷлосияи дуюм дар қатори қабули қонунҳо як қатор созишномаву протоколҳо низ тасдиқ гардидаанд. То ба имрӯз беш аз 46 Созишномаву протоколҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд.
М. Зокирзода дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи навбатӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки лоиҳаи барномаи кори қонунгузорӣ барои иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳия гардидааст. Тибқи барномаи таҳрезишуда дар иҷлосияи навбатӣ таҳия ва қабули беш аз 38 қонунҳои гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, ки албатта теъдоди мазкур ниҳоӣ намебошад ва фаъолияти қонунэҷодкунии вакилонро маҳдуд намекунад.
«Вобаста ба амалӣ гардонидани барномаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуда, татбиқи он аз ҳар яки шумоён – ҳамкасбони азиз масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро тақозо менамояд. Мутмаинам, ки қабули қонунҳои банақшагирифташуда ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии кишвар, ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд», — гуфт дар хотима Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ М. Зокирзода.
АКС: АМИТ «Ховар»