«МАКТАБҲОИ 2030». Барномаи лоиҳаи глобалӣ таҳти ин унвон дар Душанбе муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон барномаи лоиҳаи глобалии «Мактабҳои 2030» муаррифӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.
Муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода ва роҳбари барномаҳои Фонди Тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов дар атрофи ин барнома суханронӣ карданд.
М. Саломиён доир ба ҳамкориҳои шарикони рушд дар соҳаи маориф ва ташаббусҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, аз ҷумла, барномаи рушди барвақтии кӯдак, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои омӯзгорон дар зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, таъмини муассисаҳо бо маводи таълимӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии омӯзгорону хонандагон оид ба гигиена, оби нушокӣ ва ғизои солим андешаронӣ кард.
Роҳбари бахши маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров ва мутахассиси ин бахш Садбарг Мирова барномаи рушди маорифи ФТО ва фаъолияти рушди маориф дар доираи лоиҳаи «Шукуфоии Тоҷикистон» – ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Барномаи лоиҳаи глобалии «Мактабҳои 2030» аз ҷониби мутахассиси бахши маорифи ФТО дар ВМКБ Фирӯза Назархудоева муаррифӣ шуд ва аз ҷониби ширкаткунандагон дастгирӣ ёфт.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Мактабҳои 2030» барои солҳои 2021-2030 дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна дар 10 кишвари дунё роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагон, беҳтар намудани рушди сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути муайян намудани мушкилот, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳияи лоиҳаҳо аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, дарёфти роҳҳои ҳал ва таҷрибаи беҳтарини педагогӣ ва баррасӣ намудани онҳо дар сатҳи миллию байналмилалӣ мебошад.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






