Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз масофаи умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ карда шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.
Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муайян кардани хати убури сарҳади давлатӣ дар ин мавзеъ идома медиҳанд ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд.
Мутобиқи мувофиқа дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, баъзе мавзеъҳои марзӣ ташреҳ карда шуданд.
Бинобар ин, ҳоло дастаи посбонони сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ мутобиқи хати мувофиқашудаи убури сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон марзро муҳофизат мекунанд.
Яъне, мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст. Аз тарафи дигар, дар мавзеъи ағбаи Қарамиқ посгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори дахлдор гузошта шудааст.
Чунин ҷойгиркунӣ дар мавзеъи мазкур усули баробариро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасамиятдарории ҳуқуқии он таъмин мекунад.
Бо ҳамин сабаб, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин мавзеъ, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад, ки корҳои вобаста ба ташреҳи хати убури сарҳади давлатиро дар ин мавзеъ идома диҳанд.
Маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ








Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд






