Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11-умин Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор шудаанд, дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар машварати мазкур роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон Ӯзбекистон Қазоқистон, Федератсияи Россия ва муовини Котиби генералии СҲШ иштирок доштанд.
Дар оғози машварат бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода аз номи Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СҲШ ва муовини Котиби генералии СҲШ баромад намуд.
Машварат дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, дар рафти он ҷонибҳо дар бораи вазъи нашъамандӣ дар кишварҳои худ корҳои анҷомдода, дурнамои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва тадбирҳо оид ба таҳкими ҳамкории амалии зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинии мазкур ҷонибҳо лоиҳаи Нақшаи корӣ (2021-2023) оид ба татбиқи Барномаи амалҳо доир ба амалигардонии «Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2018-2023»-ро маъқул дониста, ба баррасии ҷаласаи роҳбарони давлатҳои узви СҲШ, ки 16-17-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод намуданд. Қобили зикр аст, ки дар нақшаи масъалаи коркарди минбаъдаи таъсис додани Маркази зидди маводи нашъаовари Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Дар хотимаи машварат ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






