Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардид

Июнь 21, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 22 масъала қабул намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Доир ба масъалаҳои мазкур раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳоро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Раиси Ма ҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини назорати риояи қатъии қонунгузорӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, бахусус аз ҷониби шахсони мансабдор ва соҳибкорон ҷалб карда, дастур доданд, ки дар ин самт чораҳои пешгирикунандаро ба таври самаранок роҳандозӣ намоянд.

Дар қатори масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷонибдории қонунҳо ва дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо ҳамин, иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

 АКСҲО: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пагоҳ ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба ду қонун тағйиру илова ворид карда шуд
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо муовини Вазири умури хориҷаи Эрон оид ба корҳои консулӣ ва парлумонӣ вохӯрӣ намуд