Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо сазовори медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ВТФ Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чемпионати Осиё оид ба таэквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлати ҷаҳон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни -67кг муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро гирифт.
Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас аз як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон — Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат доварӣ намуданд.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони мо, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






