Намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд

Июнь 28, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати расмии вилоят ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона, шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодии вилояти Тошканд ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳамдигар ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон,  Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен ва корхонаҳои саноативу идораҳои кишоварзӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар рӯзи аввали сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам, инчунин истифодаи технологияҳои муосир шинос гардиданд.

Ҳайат, аз ҷумла аз боғҳои интенсивӣ,  токзор, гармхонаҳои инноватсионӣ,  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ дидан кард.

Дар рӯзи дуюм намояндагони вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Тошканд шинос гардиданд ва ҷонибҳо барои мубодилаи таҷрибаҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафар ҳамчунин бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи миёни миллатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд,  ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити миёни ду кишвар дар беҳтарин сатҳ қарор гирифта, халқҳои тоҷику ӯзбек аз сиёсати созанда истиқболи гарм карданд.

Зикр гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои ду кишвар ба манфиати ҷонибҳо буда, то ба 1 миллиард расонидани доду гирифти молу маҳсулот дар назар дошта шудааст.

Раиси вилояти Суғд барои истиқболи гарму саминона изҳори сипос намуда, зикр кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҳавасманди тақвияти ҳамкорӣ аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва Ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов низ мулоқот анҷом дода, баҳри ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ кард.

 АКСҲО:  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 28, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид