Ораш Алоӣ дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» дар мавзӯи пешгирӣ аз ҳолатҳои эҳтимолии Covid-19 суҳбат кард

Июнь 17, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар/. Бемории Covid-19 ҳанӯз ҳам чун хатар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо гузашти қариб ду сол боқӣ мондааст. Бо вуҷуди он ки дар бисёр кишварҳо бар муқобили ин вирус бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд, аммо имрӯзҳо хавфи он аз байн нарафтааст.

Мутахассисон бар он андеша ҳастанд, ки мубориза бо ин гуна беморӣ пеш аз ҳама аз шахс эҳтиёткориву риояи қоидаҳои беҳдоштиро талаб мекунад. Андаке фориғболӣ ҷиҳати нодида гирифтани ин вирус метавонад оқибати нохуш дар пай дошта бошад. Тавсия шудааст, ки истифодаи ниқоб, риояи гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла бо собун шустани дастон ҳамарӯза бояд як ҷузъи фаъолияти мо бошад. Дар он ҷое, ки издиҳоми мардуми зиёд аст, бахусус дар ҷамъомадҳо ва дохили мусофиркашҳо тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ниқоб  истифода бурд. Ин вирус, тавре ки ҳамагон шоҳидем, сарҳад надорад. Он метавонад бо роҳи ҳавоӣ паҳн шавад.

Ин матлабро сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк (ИМА) доктор Ораш Алоӣ зимни суҳбат дар   барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» баён намуд.

Чӣ бояд кард, ки кас  аз хатари Covid-19 эмин монад ва саломатии худу наздиконашро ҳифз намояд?,  Ва ё бо ваксина фаро гирифтани шаҳрвандон бар зидди ин беморӣ то чӣ андоза сабарабахш аст?

Ораш Алоӣ дар барномаи мазкур  ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории Covid-19 посух мегӯяд.

Шумо метавонед ин барномаро имрӯз, 17.06.2021 соати 09:30 (асл)  инчунин  такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар»  101,5  FM   бишнавед.

Июнь 17, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»