Ораш Алоӣ дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» дар мавзӯи пешгирӣ аз ҳолатҳои эҳтимолии Covid-19 суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар/. Бемории Covid-19 ҳанӯз ҳам чун хатар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо гузашти қариб ду сол боқӣ мондааст. Бо вуҷуди он ки дар бисёр кишварҳо бар муқобили ин вирус бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд, аммо имрӯзҳо хавфи он аз байн нарафтааст.
Мутахассисон бар он андеша ҳастанд, ки мубориза бо ин гуна беморӣ пеш аз ҳама аз шахс эҳтиёткориву риояи қоидаҳои беҳдоштиро талаб мекунад. Андаке фориғболӣ ҷиҳати нодида гирифтани ин вирус метавонад оқибати нохуш дар пай дошта бошад. Тавсия шудааст, ки истифодаи ниқоб, риояи гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла бо собун шустани дастон ҳамарӯза бояд як ҷузъи фаъолияти мо бошад. Дар он ҷое, ки издиҳоми мардуми зиёд аст, бахусус дар ҷамъомадҳо ва дохили мусофиркашҳо тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ниқоб истифода бурд. Ин вирус, тавре ки ҳамагон шоҳидем, сарҳад надорад. Он метавонад бо роҳи ҳавоӣ паҳн шавад.
Ин матлабро сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк (ИМА) доктор Ораш Алоӣ зимни суҳбат дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» баён намуд.
Чӣ бояд кард, ки кас аз хатари Covid-19 эмин монад ва саломатии худу наздиконашро ҳифз намояд?, Ва ё бо ваксина фаро гирифтани шаҳрвандон бар зидди ин беморӣ то чӣ андоза сабарабахш аст?
Ораш Алоӣ дар барномаи мазкур ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории Covid-19 посух мегӯяд.
Шумо метавонед ин барномаро имрӯз, 17.06.2021 соати 09:30 (асл) инчунин такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар» 101,5 FM бишнавед.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






