Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегарданд

Июнь 24, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 июни соли равон  дар Душанбе  Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Театри давлати дарамавии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад.

Тавре аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  пеш  аз оғози ин маъракаи фарҳангӣ   дар назар аст, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия мулоқот намояд.  Дар доираи баргузории ин рӯзҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россияро  таҳти унвони «Вологодская кружево»  ташкил менамояд.

Тибқи барнома, сафари иштирокдорони  Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ба шаҳри Норак, НБО-и  «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо  иштироки ҳунармандони рус  пешбинӣ шудааст. Меҳмонон ҳамчунин  аз  «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт боздид хоҳанд намуд.

Июнь 24, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад