Раиси шаҳри Ҳисор ба аёдати хонаводаи афсари шаҳидгашта Рустам Убайдуллоев рафт
ҲИСОР, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири гиромидошт ва абадӣ гардонидани номи сарбози дар ҳифзи Ватан ҳалокгардида Рустам Убайдуллоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, ки марҳум дар он таҳсил кардааст, ба номи ӯ гузошта шудааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар асоси дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо ғамхорӣ фаро гирифтани фарзандону волидайни сарбозони дар ҳифзи Ватан ҳалокгардида, ба хонадони афсари шаҳидгашта, собиқ полковники Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Убайдуллоев ба деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода рафт.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба модари Рустам, ки бар асари беморӣ пои равонашро аз даст додааст, аробачаи маъюбӣ тақдим намуд ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои таъмини рўзгор ба ин хонавода маводи хўрока кўмак карда шуд.
“Қаҳрамонию ҷоннисорӣ ва хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан дар хотирҳо абадан зинда нигоҳ дошта шуда, ҳаргиз фаромўш нахоҳанд гашт. Ба Шумо ҳама вақт ва дар ҳама ҳолат кумак расонида мешавад ”, -гуфт Раиси шаҳри Ҳисор ба пайвандони шаҳид.
Волидайни сарбози шаҳид ба раиси шаҳр барои зоҳир намудани таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба оилаи онҳо ва арҷгузори ба ҷонфидоии фарзанди ҳалокгаштаи онҳо изҳори сипос намуданд.








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






