Раиси ВМКБ дар робита ба вазъи марз бо Афғонистон ҷаласаи фаврӣ доир кард

Июнь 21, 2021 09:37

ДУШАНБЕ, 21.06.2021/АМИТ «Ховар»/.   Бинобар сабаби ихроҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон оид ба вазъи марз ҷаласаи фаврӣ  даъват карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти ВМКБ.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбари минтақаи мудофиавӣ — ҳудудии No1 Ёдгор Файзов бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён ҷаласа баргузор намуд.

Ё.Файзов зикр  кард, ки вазъи хатарнок дар марз бо Афғонистон бонгест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ.

Вай таъкид намуд, ки «дар сурати эҳтимоли вайрон кардани сарҳади давлатӣ, мо ба ҳифзи  марзи давлатӣ бармехезем ва ба ҳуҷумгарон  посух хоҳем дод».

Тибқи маълумоти дастгоҳи раис, вазъ дар шимоли Афғонистон бениҳоят мураккаб аст: гурӯҳҳои ифротгаро ишғоли аксари ноҳияҳои наздимарзиро идома медиҳанд ва ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонанд.

Дар ин робита, Ёдгор Файзов таҳкими заминаи моддӣ — техникӣ ва кадриро дар шаҳру ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи ВМКБ вазифаи афзалятнок номид.

Вай даъват кард, ки ҷойҳои муносиб ва озод барои ҷобаҷо кардани гурезагон аз Афғонистон дар ҳолати вуруди онҳо, инчунин захираҳо: сӯзишворӣ, хӯрокворӣ, сару либос ва нақлиёт ҷамъоварӣ карда шаванд.

Роҳбари ВМКБ зарурати мувофиқа кардани нақшаи кор бо аҳолӣ ва расонидани кумак ба марзбононро таъкид кард, инчунин зикр кард, ки ҳамкорӣ байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ ва марзбонон, ҳарчанд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, бояд тақвият дода шавад.

Файзов инчунин аҳамияти баргузории машқҳои муштаракро зикр карда, аз тӯлонӣ будани марзи ВМКБ бо Афғонистонро ёдовар шуд ва зарурати тақвияти мунтазами фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудиро таъкид кард.

АКС: МИҲД ВМКБ

Июнь 21, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд