Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир бар зиддӣ бемории сироятии COVID-19 дастуру супоришҳо доданд

Июнь 24, 2021 08:44

ДУШАНБЕ, 24.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Сохторҳои тандурустии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зиддӣ бемории сироятии COVID-19 пурзӯр намуда, барои омодагӣ ва таъминоти беморхонаҳо бо доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамчунин сохторҳои дахлдори шаҳр муваззаф гардиданд, ки дар ҳаммоҳангӣ ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва  ба карантин фаро гирифтани   шахсоне, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, чораҳои амалӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маводҳои безараргардониву беҳдоштиро афзун намоянд.

Ин дастуру супоришҳоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 23 июн дар ҷаласаи корӣ, ки ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои беҳдоштӣ  ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, инчунин  роҳбарони аввали бархе аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ  доир гардид, доданд.

Тавре сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа масъалаи иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазъи имрӯзаи пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 дар пойтахт, пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, назорати қатъии риояи қойидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар шаҳр  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохтору ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки  бо ба роҳ мондани гардиши хона ба хона баҳри амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эмгузаронӣ миёни сокинону меҳмонони пойтахт, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо чораҳои қатъиро амалӣ намуда, баҳри риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз роҳбароини тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ риояи меъёрҳои беҳдоштиро қатъиян назорат намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориш доданд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии  корҳо, дар назди Раёсати тандурустии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода, аз натиҷаи иҷрои корҳо дар ин самт ҳамарӯза ба Раиси шаҳр ахборот манзур намоянд.

АКСҲО: МИҲД шаҳри Душанбе

Июнь 24, 2021 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд