СААД омода аст бо дарназардошти вазъ дар марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак кунад
ДУШАНБЕ, 29.06.2021./АМИТ «Ховар»/. СААД дар ҳолати зарурӣ ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои заруриро вобаста ба вазъ дар марз бо Афғонистон мерасонад. Тибқи иттилои РИА «Новости», дар ин бора котиби матбуотии Созмон Владимир Зайнетдинов хабар додааст.
«Ба Тоҷикистон аз тарафи СААД, дар сурати муроҷиати он, тамоми кумакҳои зарурӣ, ки он дархост мекунад ва дар аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Оинномаи СААД пешбинӣ шудаанд, ба шумули кумаки сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ-техникӣ расонида хоҳанд шуд», — иқтибос овардааст РИА «Новости» суханони Зайнетдиновро.
Ба гуфтаи вай, ҳоло Тоҷикистон дар иртибот бо вазъияте, ки дар ҳудуди Афғонистон дар наздикии марзи ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст, ба СААД муроҷиат накардааст. Инчунин вай шарҳ дод, ки рӯзи душанбеи 28 июн Тоҷикистон ба СААД дар бораи вазъ дар ҳудуди Афғонистон малумот пешниҳод кард.
Инчунин маълум шуд, ки рӯзҳои наздик Дабири кулли СААД Станислав Зас оид ба масъалаи ташаннуҷ дар марз озими Тоҷикистон хоҳад шуд, хабар медиҳад РИА “Новости”. Хотиррасон мекунем, ки соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати СААД-ро ба дӯш дорад.
Тавре АМИТ “Ховар” пештар бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буд, 21 июн як гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба комиссариати марзии “Бандари Шерхон”-и вилояти Кундузи Афғонистон ҳамла кард.
Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона, 134 нафар хизматчиёни ҳарбии ҳукумати ҶИА маҷбур шуданд, ки тавассути дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми дастаи сарҳадии Панҷ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд. Дар байни хизматчиёни ҳарбии ҶИА — 4 нафар захмӣ ва 1 нафар ҳалокшуда низ буданд. Теъдоди умумии маҷрӯҳон, ҳалокшудагон ва асирон дар ҳудуди “Бандари Шерхон” то 100 нафарро ташкил медиҳад.
Субҳи 27 июни соли 2021 як гурӯҳи мусаллаҳи Ҳаракати “Толибон” ба нуқтаи сарҳадии ҶИА, воқеъ дар мавзеъи Чукчук, вулусволии Калдори вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамла кард. Дар натиҷаи задухӯрди шадид 17 хизматчии ҳарбии неруҳои ҳукуматии ҶИА барои наҷоти ҷон ва ҳайати шахсӣ маҷбур шуданд аз тариқи дибонгоҳи 1-уми дастаи сарҳадии Шаҳритус ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд.
Мутобиқи изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, вазъ дар хатти сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИА пуршиддат арзёбӣ мешавад, амалиётҳои ҳарби байни ҷангҷӯёни “Толибон” ва неруҳои ҳукуматии ҶИА идома доранд.
Акс аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






