Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 370 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Июнь 16, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 370 ҳазор афзоиш ёфта, аз 177,41 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 11:00 (ба вақти Душанбе)-и 16 июн, ба СУТ дар бораи 177 418 261 сироятшуда ва 3 838 600 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 370 688 нафар ва фавтидагон 9 204 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 352 185. Баъд аз он Ҳиндустон (29 633 105), Бразилия (17 543 853), Франсия (5 744 589), Туркия (5 342 028), Россия (5 236 593), Британияи Кабир (4 581 006), Италия (4 247 032), Аргентина (4 172 742), Колумбия (3 802 052), Испания (3 745 199) ва Германия (3 725 303) қарор доранд.

АКС аз msk.mr7.ru

Июнь 16, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид