Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 397 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Июнь 17, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 397 ҳазор афзоиш ёфта, аз 177,81 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:30 (ба вақти Душанбе)-и 17 июн, ба СУТ дар бораи 177 816 856 сироятшуда ва 3 848 940 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 397 964 нафар ва фавтидагон 9 462 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 365 985. Баъд аз он Ҳиндустон (29 700 313), Бразилия (17 629 714), Франсия (5 747 647), Туркия (5 348 249), Россия (5 249 990), Британияи Кабир (4 589 814), Италия (4 248 432), Аргентина (4 198 620), Колумбия (3 829 879), Испания (3 749 031) ва Германия (3 726 731) қарор доранд.

АКС аз clickorlando.com

Июнь 17, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид