Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Июнь 19, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 400 ҳазор афзоиш ёфта, аз 178,60 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 19 июн, ба СУТ дар бораи 178 606 671 сироятшуда ва 3 867 057 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 400 897 нафар ва фавтидагон 8 523 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 393 269. Баъд аз он Ҳиндустон (29 823 546), Бразилия (17 802 176), Франсия (5 752 872), Туркия (5 359 728), Россия (5 281 309), Британияи Кабир (4 610 893), Италия (4 250 902), Аргентина (4 242 763), Колумбия (3 888 614), Испания (3 757 442) ва Германия (3 728 559) қарор доранд.

АКС аз Шабакаи телевизионии «Санкт-Петербург»

Июнь 19, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид