Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 434 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Июнь 11, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 434 ҳазор афзоиш ёфта, аз 175,62 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:30 (ба вақти Душанбе)-и 11 июн, ба СУТ дар бораи 175 622 971 сироятшуда ва 3 788 831 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 434 852 нафар ва фавтидагон 11 501 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 275 783. Баъд аз он Ҳиндустон (29 274 823), Бразилия (17 215 159), Франсия (5 729 967), Туркия (5 313 098), Россия (5 167 949), Британияи Кабир (4 542 986), Италия (4 239 868), Аргентина (4 066 156), Испания (3 729 458), Германия (3 718 617) ва Колумбия (3 665 137) қарор доранд.

АКС аз AFP/Silvio AVILA

Июнь 11, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид