Шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба гиромидошти шаҳри Душанбе бахшида шуд

Июнь 30, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» (Мероси ЭКО)-ро ба муносибати дастовардҳою имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва эълони он чун пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО барои солҳои 2020 — 2021 ба забони англисӣ бо теъдоди 500 нусха ба табъ расонд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паёми вежаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Нақши сайёҳӣ дар рушди Тоҷикистон ва минтақаи ЭКО”, ки дар он аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва дар натиҷаи ин ташаккул ёфтани фарҳанги муосири сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ба вежа дар пойтахти он — шаҳри Душанбе сухан рафтааст, ба маҷалла ҳусни оғоз бахшидааст.

Дар паёми Пешвои миллат таъкид шудааст, ки “Душанбе имрӯз ба шаҳри муосири ободу маъмур, мазҳари фарҳанги пешрафтаи шаҳрдориву шаҳрсозӣ, макони баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва ҷозибаи воқеии сайёҳӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Дар баробари ин фазилатҳо Душанбе шаҳри рафоқату бародарӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ аст, зеро рушди сайёҳӣ дар баробари имкон барои муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллии кишвар ҳамчунин фурсатеро барои таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни намояндагони халқҳову миллатҳои гуногун фароҳам меоварад”.

Дар фарҷоми паёми вежаи худ Пешвои миллат бо изҳори ташаккур аз кишварҳои узви ЭКО барои пуштибониашон аз эълони шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти сайёҳии ЭКО, изҳори итминон кардаанд, ки ин иқдом ба рушди бештари гардишгарӣ дар кишвари мо ва таҳкими сулҳу дӯстӣ дар минтақа мусоидат намояд.

Дар мақолаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти унвони “Душанбе – пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО” таъкид шудааст, ки дар ҷаласаи Вазирони гардишгарии кишварҳои узви ЭКО (3 октябри 2019) ба унвони пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО дар солҳои 2020 – 2021 баргузида шудани пойтахти Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди фараҳбахш барои сокинони Душанбе ва кишвар аст, балки эътирофи саҳми боризи Душанбе дар рушди сайёҳӣ дар минтақаи ЭКО маҳсуб мешавад.

Дар ин мақолаи пурмуҳтаво симои пойтахти Тоҷикистон ба унвони маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, ки дар он ҳам нафаси Шарқи афсонавӣ эҳсос мешавад ва ҳам тамоюлоти муосири шаҳрсозӣ ба таври мутаносиб зуҳур кардаанд, муаррифӣ шудааст.  Дар хотимаи мақола Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боварии худро ба таҳкими нақши Душанбе дар ташаккули фазои ягонаи сайёҳӣ дар минтақа ва тақвияти ҳамкориву дӯстӣ миёни мардумони кишварҳои узви ЭКО изҳор кардаанд.

Дар саҳифаҳои баъдии маҷалла моҳият ва ҳикмати ибтикороти Пешвои миллат оид ба эълони соли 2018 ба унвони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 — 2021 ба унвони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ҳайси омилҳои муассири рушду тавсеаи гардишгарӣ дар Тоҷикистон тавзеҳ ёфта, дар ин росто ташаббусҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ободонии шаҳри Душанбе чун намунаи муваффақи татбиқи ибтикороти Пешвои миллат қаламдод шудаанд.

Қисмати бештари маҷалла ба тарғиби дастовардҳои азими шаҳри Душанбе дар тӯли 30 соли Истиқлол, аз ҷумла муаррифии рамзҳои давлатдории миллӣ, ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва имконоти васеи шаҳри Душанбе барои хидматгузории муосир ба гардишгарон ва меҳмонони пойтахти кишвар ихтисос дода шудааст. Дар ин росто, мақолаҳое, ки таҳти унвонҳои “Душанбе дар як нигоҳ”, “Рамзҳои давлатдории миллӣ”, “Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ”, “Кохи Наврӯз — муъҷизаи муосири сайёҳӣ”, “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, “Китобхонаи миллии Тоҷикистон — ҷозибаи муосири сайёҳӣ”, “Муассисаҳои театр дар Душанбе”, “Боғҳои фарҳангию фароғатӣ — ҷилваҳои ҳусну зебоии шаҳри Душанбе”, “Марказҳои варзишӣ ва сайёҳии пойтахт”, “Санъати гулдӯзии чакан дар Тоҷикистон”, “Зерсохтори муосири ҳамлу нақл дар пойтахт”, “Бозори Меҳргон — мазҳари фаровонии неъматҳо”, “Таомҳои миллии Тоҷикистон” ва ғайра дар маҷалла чоп шудаанд, ҳамагӣ баёнгари таҳаввулоти азиме ҳастанд, ки дар шаҳрсозии Душанбе дар даврони Истиқлол рӯй намуда ва боиси куллан тағйир пазируфтани симои пойтахти кишвар ва ташаккули фарҳанги шаҳрдории муосир гардидаанд. Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои шаҳри Душанбе ва атрофи он ороиш ёфтааст.

Июнь 30, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Малдив Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Тоҷикистон бо ЮНЕСКО масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар Душанбе татбиқи барномаҳои башардӯстона баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зарурати тавсеаи робитаҳои фарҳангиро таъкид намуданд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар Душанбе тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд