Сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ,07.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 15 фоизи қитъаи роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбии Душанбе то маҳаллаи Чортут асфалтпӯш гардидааст. Дар ин хусус роҳбари Ширкати роҳҳои сарҳадии Ҳиндустон Амит Горей дар мулоқоташ бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки дар Душанбе доир гардид, иттилоъ дод.
Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбари ширкати ҳиндустонӣ изҳор дошт, ки «Сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут» — аввалин лоиҳаест, ки онҳо дар самти сохтмони роҳҳои мошингард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда истодаанд.
Дарозии умумии ин қитъаи роҳ 9,2 км-ро ташкил дода, дар он сохтмони як адад пул аз болои канали Ҳисор бо дарозии 42,7 метр, як гузаргоҳ бо дарозии 175,1 метр аз болои истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-2, ду роҳои ҳалқавӣ, 39 иншооти сунъии хурд ва дигар шабакаҳои муҳандисӣ ба нақша гирифта шудааст.Татбиқи лоиҳа моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2022 ба анҷом расонида мешавад.
-Аз оғози лоиҳа то имрӯз корҳои омодасозии асосии роҳ барои пӯшонидани асфалт асосан ба анҷом расонида шуда, 15 фоизи қитъаи роҳи банақшагирифташуда асфалтпуш гардид, -афзуд Амит Горей.
Бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ширкати ҳиндустонӣ пешниҳод намуд, ки мушкилоти вобаста ба бартараф кардани монеаҳои мавҷуда бояд ҳарчи зудтар аз тарафи масъулин бартараф карда шаванд.
Вазири нақлиёт зикр намуд, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута барои бартараф намудани мушкилот дар кутоҳтарин муҳлат тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Азим Иброҳим изҳор намуд, ки вусъат бахшидани корҳо набояд ба сифати иҷрои корҳои банақшагирифташуда таъсири манфӣ расонад. Ҳамзамон тарафҳо вобаста ба арзиши лоиҳа ва имкониятҳои масрафи сармоя ибрози назар намуда ба хулосае омаданд, ки айни замон пешгӯӣ кардани ҳаҷми сармояи масрафшаванда имкон надорад ва ин баъди 80 фоиз анҷом додани корҳои лоиҳавӣ имконпазир мегардад. Зикр шуд, ки дар ҳолати масраф гардидани сармоя он аз ҷониби ширкати ҳиндустонӣ барои таъмири дигар роҳҳои атрофи шаҳри Душанбе истифода хоҳад гардид.
Акс аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид






