Сомонаи рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» имрӯз ба чопи хабарҳо ба забони тоҷикӣ шуруъ намуд!

Июнь 10, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 10.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Сомонаи нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – рўзномаи «Янги Ўзбекистон» шуруъ аз имрӯз, 10 июн, ба пахши  хабарҳо ба забони тоҷикӣ оғоз намуд. Дар ин бора агентии итиилоотии «Дунё» хабар додааст.

 Ин иқдом имкон медиҳад, ки на фақат тоҷикони муқими Ӯзбекистон,  балки кулли тоҷикони ҷаҳон низ аз навгониҳои Ӯзбекистон иттилои дақиқ ва шаффофро дастрас намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» аз 25-уми январи соли гузашта ба нашр оғоз кардааст. Ҳоли ҳозир анқариб 80 ҳазор нусха чоп мешавад. Ба  сомонаи расмии  он yuz.uz ва шабакаи иҷтимоии расмии он ба забонҳои ўзбекӣ,  русӣ, англисӣ, қазоқӣ  моҳе то як миллион нафар муроҷиат мекунанд.

Июнь 10, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад