Sputnik: Истироҳатгоҳҳои тобистонаи Россия мактаббачагони Тоҷикистонро интизоранд

Июнь 3, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маорифи Россия Сергей Кравтсов иттилоъ додааст, ки имсол дар истироҳатгоҳҳои Россия бастҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории россиягии «Sputnik» хабар медиҳад.

Дар доираи ин иқдом, кӯдакон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои истироҳат ба Россия мераванд.

«Дар ҳар як маркази кӯдакон мо таҷрибаи бастҳои байналмилалиро, аз ҷумла барои кӯдакон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон идома хоҳем дод», — гуфт ӯ ҳангоми ҷаласаи президенти ФР Владимир Путин бо аъзои ҳукумат.

Ба гуфтаи вай, барои кӯдакони хориҷӣ модули алоҳидаи таълимӣ барои омӯзиши забони русӣ пешбинӣ шудааст.

Кравтсов афзуд, ки дар якҷоягӣ бо вазирони кишварҳои мазкур гурӯҳҳои корӣ барои таблиғи забони русӣ дар ин давлатҳо ташкил шудаанд, ки таваҷҷуҳи баланди ҳамтоён мушоҳида  мешавад.

Як рӯз пеш, президенти Россия Владимир Путин ба Вазорати маорифи Россия дастур дод, ки барои дастгирии омӯзиши забони русӣ дар хориҷа пешниҳодҳо таҳия кунад.

Муҳлати коркарди санад то 15 июли соли равон  муайян карда шудааст.

Сергей Кравтсов инчунин иттилоъ дод, ки соли 2024 дар Маркази байналмилалии кӯдакон «Артек» истироҳатгоҳи нави кӯдаконаи «Солнечний» ифтитоҳ хоҳад шуд ва он имкон медиҳад, ки дар як сол «Артек» то 55 ҳазор кӯдакро қабул кунад.

«Бо шарофати барномаи рушди «Артек», 9 истироҳатгоҳ таъмир карда шуданд ва ҳоло фаъол мебошанд. Дар соли 2024 мо ба истифода додани истироҳатгоҳи даҳуми комилан нави «Солнечний» -ро ба нақша гирифтаем. Бо ифтитоҳи он аз рӯи шумораи кӯдакон дар «Артек», мо ба 55 ҳазор (кӯдак) дар як сол хоҳем расид. Дар замони шӯравӣ, дар соли 1985- ҷашни 60-солагии «Артек» дар он ҳамагӣ 35 ҳазор кӯдак буд. Яъне шумораи кӯдакон 20 ҳазор нафар зиёд хоҳад шуд», — гуфт ӯ.

«Артек» — дар гузашта маъруфтарин истироҳатгоҳи пешоҳангони ИҶШС соли 1925 ташкил шудааст. Пас аз пайваст шудани Қрим бо Россия дар соли 2014 маркази кӯдакон, ки ҳоло аз 9 истироҳатгоҳ иборат аст, ба моликияти федералӣ табдил ёфт. Moҳи марти соли 2015 ҳукумати Россия барномаи рушди марказро то соли 2020 тасдиқ кард: дар он тамири асосии иншоот, бозсозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо ва иншооти инфрасохторӣ пешбинӣ  шудаанд.

 АКСИ: © Sputnik / Макс Ветро

Июнь 3, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайвандони маҳбусон: «Бахшиши ҷазои маҳкумшудагон намунаи барҷастаи инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба мардум мебошад»
Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон 200 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд
Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Форуми ҷавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар Хуҷанд ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival»-ро истиқбол намуданд
Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон: «Аз истиқболу меҳмоннавозии гарми тоҷикон сарамон ба фалак расид»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид
Ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Тоҷикистон дар таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Италия дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон табодули таҷриба намуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти таъмини базилзилатобоварии биноҳо ва иншоот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад