ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд

Июль 24, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кооперативи тиҷоратии «Навгилем»-и шаҳри Исфара ба нақша гирифтааст, ки дар 70 гектар кишти такрорӣ гузаронида, аз замин ду-се ҳосил рӯёнанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи тиҷоратии «Навгилем» дорои 270 гектар замин ва 540 гектар боғ буда, хоҷагидорон бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин кооператив дар 120 гектар гандум кориданд, ки айни замон ҷамъоварӣ он оғоз гардидааст. Дар 50 гектари дигар ҷуворимакка, 5 гектар помидор, 30 гектар картошка, дар заминҳои боқимонда лаблабу ва хӯроки чорво кишт намуданд.

Кооперативи тиҷоратии «Навгилем» инчунин ба шабакаи зотпарварии ҷумҳурӣ шомил буда, наздики 500 сар чорвои сиёҳало парвариш мекунад.

Кооперативи тиҷоратии «Чоркӯҳ», ки дар шаҳри Исфара фаъолият мекунад, яке аз хоҷагиҳои тухмипарвар буда, дар маҷмуъ дорои 700 гектар замин аст. Кишоварзони ин кооператив соли равон наздики 100 гектар гандум кишт намуданд, ки айни ҳол ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Гандуми истеҳсолшуда, асосан ҳамчун тухмӣ истифода шуда, дигар шаҳру ноҳияҳо бо он таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин дар шаҳри Исфара корхонаи «Баракат- Исфара» фаъолият мекунад, ки дар он аз меваҳо навъу намудҳои гуногуни шириниҳо, аз ҷумла шоколад истеҳсол гардида, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза дар бозори дохил ва хориҷ талаботи зиёд дорад. Корхона имкон дорад, ки дар рӯз 1 тонна ва дар як моҳ 26 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Маҳсулоти корхона ба хориҷи дуру наздик содирот шуда истодааст.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара, корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбад. Дар Ҷамоати деҳоти Навгилем бо ташаббуси соҳибкорон 3,7 километр роҳ мумфарш мегардад. Паҳноии ин роҳ 6 метр буда, дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюм боз 4 километр роҳ мумфарш гардад.

Инчунин дар деҳоти Чоркӯҳ корҳои барқароркунии пули мошингузар идома дорад. Пули мазкур 10 июли соли равон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хароб гардида буд. Пули мазкур бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон барқарор гардида истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 24, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
Барои кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо дастгоҳи лаборатории мобилии санҷиш ва таҳқиқи захираҳои об таъмин гардид
Дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид