Сулаймон Султонзода дар иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи маҷозӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини иҷрои талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин замина ба дастовардҳои намунавӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон давра ба давра таъмин гардидани иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба масоили коррупсия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи ҳамрадифи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани кишвари моро собит месозад. Ин нуктаро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни баргузории иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор шуд, баён намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи мазкур аз 2 то 4 июни соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид ва дар он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳо дар ин самт суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ оид ба воқеан татбиқ гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Ҷаласа дар маҷмӯъ, дар сатҳи баланд ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт ва умед аст, ки қарори дар он қабулгардида ҷиҳати шаффофияти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.
АКСҲО аз маркази матбуоти Агентӣ









ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






