Таҳдиди терроризм аз байн нарафтааст ва он ба худ шаклҳои гуногун мегирад
ДУШАНБЕ, 29.06.2021./АМИТ «Ховар»/. Дар мубориза бо терроризм муваффақиятҳо ба даст омадаанд, аммо таҳдиди он аз байн нарафтааст ва имрӯз он шаклҳои гуногун ба худ гирифта истодааст. Гурӯҳҳои террористии «Ал-Қоида» ва ДИИШ аз таконҳои иҷтимоӣ ва қолибҳои гендерӣ суиистифода мекунанд. Онҳо ҷангиёни навро, асосан аз ҳисоби ҷавононе, ки умеди худро ба ояндаи беҳтар гум кардаанд, ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора дабири кулли СММ Антонио Гутерриш изҳор кардааст.
“Дар мубориза бо терроризм муваффақиятҳои муҳим ба даст оварда шудааст. Дар саросари ҷаҳон бисёр ҳамлаҳо пешгирӣ ва садҳо террористон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳдид боқӣ мемонад … “ — гуфт Антонио Гутерриш дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба терроризм.
Сарвари СММ нисбат ба вазъи вобаста ба ҷангиён — террористони хориҷӣ изҳори нигаронии амиқ кард. Вай таъкид кард, ки ҳамаи онҳо бояд барои аъмоли худ муҷозот шаванд ва занону фарзандонашон ба ватан баргардонида шаванд.
«Маро тақдири даҳҳо ҳазор хешовандон, занон ва хусусан кӯдаконе, ки дар минтақаҳои низоъ боқӣ мондаанд, ба ташвиш меорад. Умедворам, ки кишварҳои аъзо масъалаи бозгардонидани онҳоро тибқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард», — таъкид кард Дабири кулл.
Гутерриш дар бораи тамоюлҳои кунунии муқовимат бо ифротгароӣ сухан ронда, зикр кард, ки террористон аз афзоиши қутбгароӣ дар ҷомеаҳо ва нокомиҳо дар мудирият истифода кардаанд. Онҳо оқибатҳои ҳама гуна суханрониҳои нафратангез ва таҳдидҳои афроди сафедпӯст, милатгароёни навбаромад ва дигар ҳаракатҳои қавмгароӣ ё нажодпарастиро, ки дар солҳои охир бештар фаромиллӣ шудаанд, ба манфиати худ истифода мекунанд.
«Инчунин яқин аст, ки гурӯҳҳои террористӣ аз мушкилот ва нобаробариҳои вобаста ба пандемияи COVID-19 истифода хоҳанд кард. Дар ин заминаи тағйирёбанда, усулҳои асосии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид бо неруи комили худ боқӣ хоҳанд монд», — гуфт Дабири кулли СММ.
Вай аз талошҳои муттасил, ҳамоҳангшуда ва фарогир дар кишварҳои мухталиф, бахшҳо ва соҳаҳои фаъолият, ки дар асоси ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун бунёд ёфтаанд, ҳимоят кард.
Дабири кулли СММ бар ин назар аст, ки дар мубориза бо терроризм бояд иқдомоти пайвастаи зиддитеррористӣ тақвият бахшида шаванд; ҳуқуқҳои инсон дар ин мубориза ба инобат гирифта шаванд; инчунин он ба имкониятҳо ва мушкилоти нав дар интернет мутобиқ карда шавад.
Ба технологияҳои нав дахл карда, Гутерриш таъкид намуд, ки мубориза бо терроризм бояд ҳамқадам бо имкониятҳои нав дар соҳаи технологияҳо бошад.
“Рамзкунонии маълумот барои таъмини маҳрамият мусоидат мекунад, аммо аз он террористон барои муошират байни ҳам суиистифода мекунанд. Барои маблағгузории фаъолияти худ террористҳо барномаҳои блокчейн ва нармафзори тамаъҷӯйро истифода мебаранд”, — гуфт сарвари СММ. Вай таъкид кард, ки дронҳои тиҷоратӣ ва чопи 3D дастрасии террористонро ба силоҳ осон мекунад ва қалбакикориҳои устокорона бо истифода аз зеҳни сунъӣ боиси эҷоди назарияҳои тавтиа мешаванд, ки террористон онҳоро паҳн мекунанд ва системаҳои шинохти симо ва садоро фалаҷ мекунанд.
“Бисёр муҳим аст, ки давлатҳо қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва табодулаи далелҳои электронии фаъолияти террористиро дар шабакаҳо ва ба таври офлайн густариш бидиҳанд. Дронҳо, биометрия, зеҳни сунъӣ ва маълумоти калон имкон медиҳанд, ки афзорҳои нав барои ҳифзи ҳадафҳои осебпазир, пешгирии ҳамлаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани террористон истифода шаванд”, — гуфт Гутерриш. Вай ба қатъ намудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати барангехтани нафрат ва таблиғи идеологияи зӯроварӣ даъват кард.
Конфронси дуввуми роҳбарони сохторҳои зиддитеррористӣ оид ба мубориза ва пешгирии терроризм дар асри технологияи пешрафта имрӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк шурӯъ шуд. Он то рӯзи чоршанбе идома меёбад. Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков зимни ифтитоҳи ҷаласа суханронӣ намуда, дар бораи талошҳо барои расонидани кумак ба давлатҳо дар ин самт сухан ронд. Чанде пеш дар Будапешт, Доҳа ва Работ намояндагиҳо кушода шуданд ва ба наздикӣ мутахассисони дахлдор ба Найробӣ ва Мадрид фиристода хоҳанд шуд.
АКСИ: УПН СММ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






