Тоҷикистон ҳамкориро бо САҲА дар самти ислоҳоти милитсия тақвият мебахшад

Июнь 18, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон Вазири корҳои дохилии  чумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо роҳбари  Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД  иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ  ва таҳияи нақшаи корӣ барои татбиқи минбаъдаи “Барномаи ислоҳоти милитсия  барои солҳои 2021-2025” ибрози назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ислоҳоти милитсия се санади муҳим -“Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020″, «Барномаи рушди милитсия» ва «Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома барои солҳои 2013-2020”  таҳия ва қабул карда шуданд.Аввалин ҳуҷҷат оид ба ислоҳоти милитсия – “Ёддошти тафоҳум” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон 8 апрели соли 2011 ба имзо расидааст.

Бо мақсади татбиқи сиёсати ислоҳоти милитсия як қатор чораҳои амалӣ андешида шуданд. Ҳамин тариқ, дар доираи ислоҳоти милитсия Маркази тестии кормандони милитсия бо мақсади санҷиши сатҳи дониш ҳангоми ба кор қабул шудан, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан, гирифтани рутбаи ҳарбӣ ва барои супоридани мукофотҳои давлатӣ таъсис дода шуд.

Дар чаҳорчӯбаи ислоҳот ба муовинони мудирони  шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба робита бо ҷомеа фаъолияти доимӣ ҷорӣ карда шуд. Дар назди Вазорати корҳои дохилӣ як Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ислоҳоти милитсия таъсис дода шуд, ки он бо сохторҳои маҳаллӣ ва ҷамъиятии тамоми ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад.

Сомонаи расмии ВКД бо се забон сохта шудааст, ки шумораи зиёди истифодабарандагон дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия ва барномаи рушди милитсия шарҳ ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мустақили Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсия ҷорӣ карда шуд. Дар доираи ислоҳоти милитсия телефони «Боварии Вазири корҳои дохилӣ» таъсис дода шуд, инчунин телефонҳои боварии роҳбарони РВКД дар шаҳрҳо ва минтақаҳо фаъолият мекунанд.Дар ҷараёни ислоҳоти милитсия иштироки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муайянкунандаи таъмини амнияти ҷомеа мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо зикр  карданд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳамкории минбаъда ва расидан ба ҳадафи ниҳоӣ — ташкили чунин сохторе, ки ба интизориҳои ҷомеа ҷавобгӯ бошад ва симои нави корманди милитсия дар Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, мусоидат менамояд.

АКС: ВКД ҶТ

Июнь 18, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд