Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои сулҳхоҳ 10 зина боло рафт

Июнь 18, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши Институти иқтисод ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP), Тоҷикистон дар раддабандии Нишондиҳандаи ҷаҳонии сулҳ – 2021 дар байни 163 давлат дар ҷойи 97-ум қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи маркази таҳлилӣ.

Тибқи гузориши «Global Peace Index», дар тӯли як сол Тоҷикистон якбора 10 зина боло рафтааст. Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи миёнаи сулҳ шомил аст. Ба ин гурӯҳ Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва  Озарбойҷон низ шомиланд.

Кореяи Шимолӣ, Венесуэла, Судон, Россия, Либия ва Сурия, Яман ва Афғонистон дар охири рӯйхати 163 кишвар қарор гирифтаанд.

Кишвари осоиштатарин ба мисли соли гузашта Исландия эътироф шудааст. Ба даҳ кишвари осоиштатарин инчунин Зеландияи Нав, Дания, Португалия, Словения, Австрия, Швейтсария, Ирландия, Чехия, Канада, Сингапур ва Япония шомиланд. Рӯйхати пурраро дар суроға — https://reliefweb.int/sites/reliefweb.int/files/resources/GPI-2021-web.pdf — дидан мумкин аст.

Болоравии нишондиҳандаи сулҳ дар 87  мамлакат ва коҳишёбӣ дар 73 кишвар ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи ҷаҳонии сулҳ 0,07 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки раддабандии ҷаҳонӣ омилҳои зеринро ба монанди сатҳи мутаҳидии ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсон, суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, шумораи маҳбусон дар маҳбасҳо, сатҳи таҳдиди терроризм, хароҷоти мудофиа ва иштироки ин ё он кишвар дар амалиёти ҷангӣ ба инобат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии ҷаҳонии сулҳ, ки ҳамасола аз ҷониби Институти иқтисод ва сулҳи Австралия нашр мешавад, Тоҷикистон дар соли 2018 дар ҷойи 117, дар соли 2019 дар ҷойи 105-ум ва дар соли 2020 дар байни 163 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 107-ум қарор дошт.

Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон ба рӯйхати давлатҳое шомил шудааст, ки сатҳи амнияти боэътимод доранд.

ДАР АКС: Институт иқтисод ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP). АКС аз twitter.com

Июнь 18, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд