ТОҶИКИСТОН & ПОКИСТОН. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то 500 млн доллар бирасонанд

Июнь 2, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза  ба  Ҷумҳурии Исломии Покистон рафтанд. Сарвари давлати мо бо даъвати Сарвазири Покистон Имрон Хон ба он кишвар ташриф оварданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, ба шумули иқтисодиёт, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, мудофиа, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо Президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқотҳои дуҷониба  анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1994  инҷониб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафт маротиба ба  Покистон ташриф  овардааст. Бори охир моҳи марти соли 2017 он кас  дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай  иштирок намуда буданд.

Ба ғайр аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон дар доираи Форуми дуввуми «Як камарбанд, як роҳ», ки дар Пекин сурат гирифта буд, мулоқот карданд (ДАР АКС). 10 ноябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон дар мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки аз ҷониби раёсаткунанда дар ин Созмон — Россия дар шакли видеоконфронс ташкил шуда буд, иштирок карданд.

«Покистон ва Тоҷикистон муносиботи наздики бародаронаро бар бунёди эътиқодот ва таърихи муштарак, қаробати фарҳангӣ нигоҳ медоранд. Ду кишвар дар масъалаҳои калидии минтақавӣ ва байналмилалӣ нуқтаи назари муштарак доранд ва дар форумҳои гуногуни бисёрҷониба ба таври зич ҳамкорӣ мекунанд», — зикр гардидааст  дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Покистон.

Тоҷикистонро аз Покистон долони Вахон — қитъаи борики замин дар ҳудуди Афғонистон, ки то Чин домон густурдааст, ҷудо мекунад. Ин долон, ки дар байни кӯҳҳои Помир дар шимол ва силсилакӯҳи Қароқурум дар ҷануб ҷойгир аст, тақрибан 350 км дарозӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни соли 1992 барқарор шуда буданд.

Аз моҳи феврали соли 2019 Исматулло Насриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад ва аз моҳи июни соли 2019 ҷаноби Имрон Ҳайдар ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе сафорати худро ифтитоҳ намуд ва аз аввали соли 1994 он ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод ба кор шурӯъ карданд.

Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон ба шарофати кӯшишҳои фаъоли ҳарду ҷониб босуръат рушд  меёбанд.

Дар тӯли 27 соли муносиботи ду кишвар, сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017) сурат гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ва корӣ 2-3 июни соли 2002, 28-30 июли соли 2009, 1-2 сентябри соли 2011, 24-26 марти соли 2012 ва 19-22 июни соли 2018 ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1998, 29-31 сентябри соли 2004, 20-21 ноябри соли 2014 ва 8-9 декабри соли 2015 бо сафари расмӣ ва корӣ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон боздид кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи апрели соли 2002, 1-2 сентябри соли 2011 ва 11-12 октябри соли 2018 бо сафари расмӣ ва корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар Душанбе ва Исломобод чор даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шудааст.

Асоси ҳуқуқии муносиботи дуҷонибаи байни ду давлат тақрибан аз 60 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ иборат аст.

Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ фаъолият мекунад, ки механизми калидии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Комиссия то ин замон шаш ҷаласа баргузор кардааст. Ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ 2 июли соли 2019 дар Душанбе баргузор шуда буд.

18-20 июли соли 2010, 8-9 марти соли 2011 ва 24-26 майи соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуда буданд.

Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (11-13 ноябри соли 2015) Шӯрои муштараки тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон таъсис ёфт ва ҷаласаи якуми он дар Исломобод доир шуд.

Дар соли 2019 гардиши мол байни ду кишвар 56 миллиону 290,1 ҳазор доллар, аз ҷумла, содирот 10 миллиону 395,5 ҳазор доллар ва воридот 45 миллиону 894,6 ҳазор долларро ташкил намуд. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми гардиши молро ба 500 миллион доллар бирасонанд.

Мавриди зикр аст, ки  айни замон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Покистон қарор дорад ва дар конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз 29 май то 4 июн иштирок мекунад.

АКС аз  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд