Тоҷикистон ва Қатар муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд

Июнь 17, 2021 08:27

ДУШАНБЕ, 17.06.2021. /АМИТ  «Ховар»/. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун дирӯз зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Иброҳим ал-Абдуллоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҷалби сармояи Қатар ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, маориф, нақлиёт, инчунин ҷалби сайёҳон аз Қатар ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июнь 17, 2021 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоишгоҳи хайриявӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд
Дар Вена дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу мулоқот намуд
Дар Вена масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистону Гурҷистон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба бурсияҳои солҳои 2026–2028-ро ба имзо расониданд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ иштирок намуд
Масоили рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд