«Тоҷикистон — Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ»-таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ ифтитоҳ гардид

Июнь 9, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 09.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ташрифи навбатии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев намоишгоҳ дар мавзӯи «Тоҷикистон — Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 20 июни соли равон идома меёбад. Дар ифтитоҳи он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки «мо аҳли фарҳанг анъанаи неки ниёгонро идома дода, фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омӯхта, ҷиҳати бештар наздик сохтани онҳо дар заминаи арзишҳои нек ва созанда чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ доир намуда, дастовард ва арзишҳоеро, ки халқҳои тоҷику ӯзбек тӯли асрҳо сохтаанд, ҳифз ва муаррифӣ менамоем».

Ҳамзамон дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон як қатор экспонатҳои нодир: мусаввараву нимпайкараҳо, китобу аксҳо, гулдону армуғонҳо ва қолинҳои дастбоф пешниҳод шудаанд, ки аз дастовардҳои ин ду халқи таърихӣ дар масири дӯстӣ ва созандагӣ қисса мекунанд.

«Воқеан дӯстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолу озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сатҳи сифатан нав касб намуд. Хосатан дар ин ҷода саҳми роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович хеле бузург аст. Бинобар ин, дар оғози намоиш тавассути аксҳо дастовардҳои солҳои охир дар ин самт ноилгардида муаррифӣ шудаанд»- тазаккур дод Аҳлиддин Ибодуллозода.

Дар қисмати дигари намоиш як қатор армуғонҳо, аз қабили лаълӣ бо нақшу нигори шарқӣ, амсилаи Регистони Самарқанд, миниатюраи шарқӣ дар чӯб, ки аз ҷониби Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилов Оқил Ғайбуллоевич (солҳои 1999-2013) туҳфа гардидаанд, ба намоиш бароварда шудаанд.

Инчунин дар намоиш мавзеъҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути мусаввара ва китобу маҷаллаҳо инъикос ёфта, дар маркази намоиш пайкараи дӯстон — намояндагони адабиёти ин ду миллат, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ пешниҳоди тамошобинон гардид.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 9, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад