Вазири кишоварзӣ ва Президенти Академияи кишоварзӣ ба деҳқонони Турсунзода ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд

Июнь 19, 2021 12:33

ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турчсунзода ҷамъоварии ғалла, сабзавоти барвақтӣ, пиёз ва картошка муташаккилона идома дошта, дар беш аз 4000 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки зиёда аз 2000 гектари онро шолӣ дар бар мегирад.

Дар ин хусус дирӯз, 18 июн  зимни  шиносоии   Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода  ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода бо рафти корҳои саҳроӣ ва вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода, хусусан парвариши пахта, ҷамъоварии ҳосил ва корҳо дар самти кишти такрорӣ иттилоъ дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд,  гурӯҳи кориро муовини раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода роҳбаладӣ намуд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода  ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода зимни боздид аз киштзори хоҷагии «Самир», «Ниҳолпарвар» ва як зумра  хочагиҳои деҳқонии дигари шаҳри  Турсунзода  бо деҳқонон суҳбат ороста, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва риояи корҳои агротехникӣ дастуру  тавсияҳои  муфид доданд.

Муовини раиси шаҳри Турсунзода  Пардаалӣ Турсунзода зикр кард, ки заминҳои корам дар шаҳр самаранок истифода гардида, айни ҳол майдони пахта дар давраи шонакунӣ ва гул қарор дошта, нашъунамои он тибқи талаботи агротехникӣ ҷараён дорад.

Июнь 19, 2021 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд