Вазири кишоварзӣ ва Президенти Академияи кишоварзӣ ба деҳқонони Турсунзода ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турчсунзода ҷамъоварии ғалла, сабзавоти барвақтӣ, пиёз ва картошка муташаккилона идома дошта, дар беш аз 4000 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки зиёда аз 2000 гектари онро шолӣ дар бар мегирад.
Дар ин хусус дирӯз, 18 июн зимни шиносоии Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода бо рафти корҳои саҳроӣ ва вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода, хусусан парвариши пахта, ҷамъоварии ҳосил ва корҳо дар самти кишти такрорӣ иттилоъ дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи кориро муовини раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода роҳбаладӣ намуд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода зимни боздид аз киштзори хоҷагии «Самир», «Ниҳолпарвар» ва як зумра хочагиҳои деҳқонии дигари шаҳри Турсунзода бо деҳқонон суҳбат ороста, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва риояи корҳои агротехникӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Муовини раиси шаҳри Турсунзода Пардаалӣ Турсунзода зикр кард, ки заминҳои корам дар шаҳр самаранок истифода гардида, айни ҳол майдони пахта дар давраи шонакунӣ ва гул қарор дошта, нашъунамои он тибқи талаботи агротехникӣ ҷараён дорад.










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






