Владимир Путин: Россия ҳаргиз масъулияти худро барои амнияти кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия ният дорад, ки минбаъд ҳам ба таҳкими сулҳ ва субот дар қора мусоидат кунад ва ҳаргиз масъулияти худро барои амният ва шукуфоии кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард. Дар ин бора 23 июн президенти Россия Владимир Путин зимни паёми видеоӣ ба иштирокчиён ва меҳмонони конфронси IX Москва оид ба амнияти байналмилалӣ изҳор намуд, иттилоъ медиҳад ТАСС.
«Россия ҳаргиз масъулияти бадӯшдоштаи худро барои амният ва шукуфоии кишварҳои ҳамсоя, ки моро бо онҳо робитаҳои костанашавандаи таърихӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ наздик месозанд, фаромӯш нахоҳад кард», — гуфт Владимир Путин.
Вай таъкид кард, ки ҳукуматдорони Россия ният доранд, минбаъд ҳам ба коҳиши шиддати низоъҳои минтақавӣ, таҳкими сулҳу субот дар қора мусоидат кунанд. Сарвари Россия ҳаллу фасли низоъҳои минтақавиро ҷанбаи муҳими таъмини амнияти ҷаҳонӣ номид. Россия фаъолона ба ин мусоидат мекунад, ишора кард ӯ.
Ҳамзамон Президенти Федератсияи Россия зикр кард, ки нооромии равандҳои геополитикӣ дар ҷаҳон зиёд мешаванд, бодхӯрдашавии (эрозияи) ҳуқуқҳои байналмилалӣ идома меёбад. «Мутаассифона, ҳоло сарфи назар аз баъзе ишораҳои мусбат, нооромии равандҳои геополитикӣ зиёд мешавад. Бодхӯрдашавии ҳуқуқи байналмилалӣ низ идома дорад. Кӯшишҳои истифодаи қувва барои таҳаққуқи манфиатҳои худ, таҳкими амнияти худ аз ҳисоби амнияти дигарон қатъ намешаванд», — афзуд роҳбари Россия.
-Россия наметавонад аз афзоиши иқтидори низомӣ ва инфрасохтори НАТО дар наздикии марзҳояш нигарон набошад, вале Москва интизор аст, ки ин паймон ташаббусҳои онро ҷиҳати коҳиши ташаннуҷ баррасӣ хоҳад кард, -изҳор кард Владимир Путин.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна «қойидаҳои нави бозӣ» дар арсаи байналмилалӣ бояд таҳти сарпарастии СММ ташаккул ёбанд, то ин ки боиси ҳараҷумараҷ ва пайомадҳои пешгӯинашаванда нагарданд. «Аз лаҳзаи таъсисёбӣ маҳз СММ пойдевори низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва мебошад. Вазифаи асосии ин ташкилоти бонуфуз ва аз ҷониби ҳама эътирофшуда — роҳ надодан ба муноқишаи ҷаҳонӣ, ҷанги нави ҷаҳонӣ мебошад», — таъкид дошт Президенти Федератсияи Россия.
АКС: ТАСС








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






