Владимир Путин: Россия ҳаргиз масъулияти худро барои амнияти кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард

Июнь 24, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия ният дорад, ки минбаъд ҳам ба таҳкими сулҳ ва субот дар қора мусоидат кунад ва ҳаргиз масъулияти худро барои амният ва шукуфоии кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард. Дар ин бора 23 июн президенти Россия Владимир Путин зимни паёми видеоӣ ба иштирокчиён ва меҳмонони конфронси IX Москва оид ба амнияти байналмилалӣ изҳор намуд, иттилоъ медиҳад ТАСС.

«Россия ҳаргиз масъулияти бадӯшдоштаи худро барои амният ва шукуфоии кишварҳои ҳамсоя, ки моро бо онҳо робитаҳои костанашавандаи таърихӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ наздик месозанд, фаромӯш нахоҳад кард», — гуфт Владимир Путин.

Вай  таъкид кард, ки ҳукуматдорони Россия ният доранд, минбаъд ҳам ба коҳиши шиддати низоъҳои минтақавӣ, таҳкими сулҳу субот дар қора мусоидат кунанд. Сарвари Россия ҳаллу фасли низоъҳои минтақавиро ҷанбаи муҳими таъмини амнияти ҷаҳонӣ номид. Россия фаъолона ба ин мусоидат мекунад, ишора кард ӯ.

Ҳамзамон  Президенти Федератсияи Россия зикр  кард, ки нооромии равандҳои геополитикӣ дар ҷаҳон зиёд мешаванд,  бодхӯрдашавии (эрозияи) ҳуқуқҳои байналмилалӣ идома меёбад. «Мутаассифона, ҳоло сарфи назар аз баъзе ишораҳои мусбат, нооромии равандҳои геополитикӣ зиёд мешавад. Бодхӯрдашавии ҳуқуқи байналмилалӣ низ идома дорад. Кӯшишҳои истифодаи қувва барои таҳаққуқи манфиатҳои худ, таҳкими амнияти худ аз ҳисоби амнияти дигарон қатъ намешаванд», — афзуд роҳбари Россия.

-Россия наметавонад аз афзоиши иқтидори низомӣ ва инфрасохтори НАТО дар наздикии марзҳояш нигарон набошад, вале Москва интизор аст, ки ин паймон ташаббусҳои онро ҷиҳати коҳиши ташаннуҷ баррасӣ хоҳад кард, -изҳор кард Владимир Путин.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна «қойидаҳои нави бозӣ» дар арсаи байналмилалӣ бояд таҳти сарпарастии СММ ташаккул ёбанд, то ин ки боиси ҳараҷумараҷ ва пайомадҳои пешгӯинашаванда нагарданд. «Аз лаҳзаи таъсисёбӣ маҳз СММ пойдевори низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва мебошад. Вазифаи асосии ин ташкилоти бонуфуз ва аз ҷониби ҳама эътирофшуда — роҳ надодан ба муноқишаи ҷаҳонӣ, ҷанги нави ҷаҳонӣ мебошад», — таъкид дошт Президенти Федератсияи Россия.

 АКС: ТАСС

Июнь 24, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оид ба беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ ба анҷом расид
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният густариш медиҳанд
НУҲ ДАВЛАТИ ОСИЁ ДАР ДУШАНБЕ. Ҷаласаи гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оид ба беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ оғоз ёфт
Дар Вазорати корҳои дохилӣ Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон баррасӣ шуд
Интиқоли зиёда аз 71 кг маводи нашъаовари навъи героин пешгирӣ гардид
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ машварат баргузор гардид
ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ба маоши вазифавии кормандоне, ки дар ҳодисаҳои сӯхтор дар шароити барои саломатӣ зараррасон хизмат мебаранд, ба андозаи 20 дарсад иловапулӣ пешбинӣ карда мешавад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тавсеа мебахшад
ПЕШГИРИИ САДАМАҲО. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи таъмини бехатарии роҳҳо машварат доир намуд
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид