ФАВРӢ! Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 21.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳолати имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситод ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинони мамлакат аз тадбирҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.
Тазаккур дода шуд, ки, мутаасифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон беаҳмиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин метавонад дилхоҳ ҳолатро ба миён орад.
Мавриди зикр аст, ки бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд, қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.
Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла, пурзур намудани ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






