СӢ ДАСТОВАРДИ МУҲИММИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро зикр кардаанд

Июнь 4, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надоранд. Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори то имрӯз дастрасбуда ва таҳлилҳо 30 дастоварди арзишмандро зикр кардаанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

«Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-тои онро тибқи омори то имрӯз дастрасбуда, ки дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолӣ боз дақиқ карда мешавад, ҷудо намуданд. Аз нуқтаи назари мо, бояд дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ номбар карда шаванд:

Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.

Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.

Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.

Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.

Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.

Шашум, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.

Ҳафтум, ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид.

Ҳаштум, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард».

Хуршед Зиёӣ илова намуд, ки мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин 15 дастоварди кишвари моро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо овардани рақамҳои мушаххас номбар намуданд, ки чунинанд:

  1. Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла «Роғун» ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
  2. Дар тӯли сӣ соли охир 50 маротиба зиёд гардидани Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
  4. Нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст.
  5. Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонида шудани теъдоди онҳо то имрӯз.
  6. Рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи Маҷмуӣ маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташакул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
  7. Таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд.
  8. Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991 қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад.
  9. Ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти кишвар, ки дар таъмини амнияти озуқавории сокинон ва давлат нақши арзанда дорад.
  10. Дар зарфи се соли омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст.
  11. Дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 40 адад бо фарогирии қариб 230 ҳазор нафар донишҷӯ расонида шудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
  12. Баланд бурдани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ.
  13. Қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки соли 1991 ҳамагӣ ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ аз 1510 адади даврони ибтидоии соҳибистиқлолӣ.
  14. 1,8 баробар кам кардани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,7 баробар кам кардани фавти кӯдакон.
  15. Ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.

Дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегӣ чунин далелҳоро (7 нукта) зикр кардаанд:

— таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

— ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он;

— ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд;

— ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он;

— роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон;

— раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе”;

— амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ изҳор дошт, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Июнь 4, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд