ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Расо 76 сол пеш дар Майдони сурхи Москва Расми гузашти таърихии Ғалаба ба ифтихори пирӯзии ИҶШС дар ҶБВ баргузор шуда буд

Июнь 24, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 июни соли 1945 дар Майдони Сурхи Москва ба ифтихори пирӯзии ИҶШС бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Расми гузашти Ғалаба баргузор шуд. Расми гузаштро Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков қабул кард ва  Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Константин Рокоссовский онро фармондеҳӣ мекард.

Қарор дар бораи баргузор намудани расми гузашти ғолибон аз тарафи Иосиф Сталин ба зудӣ пас аз Рӯзи Ғалаба қабул шуда буд. 24 майи соли 1945 таклифҳои Ситоди Генералӣ дар мавриди баргузор намудани Расми гузашти Ғалаба ба ӯ пешниҳод шуданд. Вай онҳоро қабул кард, аммо бо муҳлати он розӣ нашуд. Штаби Генералӣ барои омода кардани расми гузашт ду моҳ ҷудо карда буд, Сталин фармон дод, ки расми гузашт пас аз як моҳ баргузор карда шавад.

22 июни соли 1945 дар рӯзномаҳои марказии шӯравӣ фармони Сарфармондеҳи Олӣ Иосиф Сталин таҳти рақами 370 нашр гардид: «Ба ифтихори Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 24 июни соли 1945 дар Майдони сурхи Москва расми гузашти қӯшунҳои артиши амалкунанда, Неруҳои низомии баҳрӣ ва Гарнизони Москва — Расми гузашти Ғалабаро таъйин мекунам».

Дар охири моҳи май — аввали июн дар Москва омодагии шадид ба расми гузашт сурат мегирифт. Барои қабулкунандаи расми гузашт ва ва фармондеҳи расми гузашт пешакӣ аспҳоро интихоб карданд: барои маршал Георгий Жуков — ранги сафеди хокистарии равшани зоти терӣ бо лақаби “Кумир”, барои маршал Константин Рокоссовский — ранги сиёҳи торики краковӣ бо лақаби “Полюс”.

Барои иштирок дар тантана полкҳои муттаҳидшуда аз фронтҳое, ки дар охири ҷанг амал мекарданд ташкил карда шуданд ва онҳоро бояд фармондеҳони фронтҳо сарварӣ мекарданд. Қарор шуд, ки Байрақи сурхи дар болои Рейхстаг афрохташуда аз Берлин оварда шавад. Сафороии расми гузаштро  бо тартиби хатти умумии фронтҳои амалкунанда — аз рост ба чап муайян карданд. Барои ҳар як полки муттаҳида, оҳангҳои хоси ҳарбӣ, ки онҳоро махсусан дӯст медоштанд, интихоб карда шуданд.

Тамрини охирини Расми гузашти Ғалаба дар Фурудгоҳи марказӣ ва тамрини асосӣ дар Майдони сурх баргузор шуданд.

Субҳи 24 июни соли 1945 абрнок ва боронӣ буд. То соати 9 минбарҳои аз санги хоро сохташудаи  назди девори Кремлро депутатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва РСФСР, кормандони комиссариатҳои халқӣ, ходимони фарҳанг, иштирокчиёни иҷлосияи ҷашнии Академияи илмҳои ИҶШС, заҳматкашони корхонаҳо ва фабрикаҳои Москва, рӯҳониҳои калисои ортодоксии Россия, дипломатҳо ва меҳмонони сершумори хориҷӣ пур карданд. Соати 9.45 аъзои Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ бо сардории Иосиф Сталин ба минбари Мавзолей баромаданд.

Нуқтаи авҷи расми гузашт партофтани парчамҳо ва ливоҳои фашистӣ ба пойгоҳи мақбараи Ленин гардид.

200 парчами қӯшунҳои фашистии немисӣ, ки дар ҷабҳаҳои муҳориба торумор шуда буданд, ба пойгоҳи Мавзолей партофта шуданд.

Дар расми гузашти таърихии Ғалаба ҳамватанони дигар мо низ ширкат варзиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 24, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид