Аввалин зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвози мустақилона анҷом дод
ДУШАНБЕ,18.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ягона зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна Афентйева имрӯз нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод. Татяна ба ҳайси сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кард ва аз ҷониби командири ҳавопаймо Шӯҳрат Раҳимов баҳои хуб гирифт. Татяна Афентева фаъолияти худро дар соҳаи авиатсия аз соли 2011 ба ҳайси роҳбалад оғоз намудааст, иттилоъ медиҳад ширкати хавопаймоии «Сомон Эйр».
Ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна соли 2020 ба сифати сарнишини дуюм пайваст ва то имрӯз парвозҳои таълимиро иҷро мекард, иттилоъ медиҳад манбаъ.
Барои расидан ба мақсуд номбурда роҳи тӯлонӣ ва душворро тай намуда, асосҳои касби ҳавонавардиро дар омӯзишгоҳи ҳавонавардии авиатсияи граждании ба номи Таран Г.А. дар Федератсияи Россия омӯхтааст. Имтиҳонҳо ва санҷишҳои амалии парвозиро бомуваффақият супорида, алъон сарнишини ҳирфаӣ мебошад, ки парвозҳои байналмилалиро дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 / NG анҷом медиҳад.
«Зимни парвози мустақилонаи худ ҳаяҷон надоштам, парвоз мисли парвозҳои таҷрибаомӯзиам хуб гузашт» – иброз дошт Афентйева пас аз парвози мустақилонаи худ. Хушҳол аз он, ки аввалин парвози мустақилонаи ман дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон сурат гирифт. Сарфарозам, ки ин қулла ҳам бароям фатҳ шуд ва акнун бояд зиёдтар кӯшиш намояму боз ҳам пеш равам. Алъон вазифаи аввалиндараҷаи ман тақвияти ихтисос ва саҳмгузорӣ дар бехатарии парвозҳо мебошад, ки авиатсияи тоҷик ҳамеша бо ин махсусияташ шӯҳрат дошт.
АКСҲО: хадамоти матбуоти «Сомон Эйр»









Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






