Ӯзбекистон қойидаҳои вурудро барои шаҳрвандони кишварҳои дигар шадидтар кард. Дар ҷумҳурӣ сатҳи сироятёбӣ бо коронавирус якбора баланд шуд

Июнь 22, 2021 18:42

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон супоридани ҳатмии тести ПТСР (ПЦР — тест) ҳангоми вуруд ба кишвар аз нав ҷорӣ карда мешавад. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қарори мазкурро қабул кардааст, хабар додааст «Sputnik»

Бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар мамлакат ва ҷаҳон ин дастур барои тамоми шахсоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, ҳатмӣ аст.

«Хадамоти санитарӣ — эпидемиологии беҳдоштӣ ва саломатии ҷамъиятӣ низоми санҷиши ҳатмии тестиро бо усули таомули занҷирии полимеразӣ барои тамоми ашхосе, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, ҷорӣ мекунад», — гуфта шудааст дар хабари Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Шарҳ дода шудааст, ки озмоиши тестии такрории ПТСР бояд пас аз як ҳафтаи ворид шудан ба Ӯзбекистон гузаронида шавад.

Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон дар охири моҳи январ барқарор карда буд.

Ҳанӯз 25 декабри соли 2020 дар Ӯзбекистон, баробари барқарор шудани иртиботи нақлиётӣ бо дигар кишварҳо, санҷиши фаврии тестӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нуқтаҳои сарҳадӣ ҷорӣ шуда буд. Аз 15 марти соли 2021 чораи мазкур бекор карда шуд.

Айни замон  ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавирус дар Ӯзбекистон якбора зиёд шудааст. «Ин воқеан вазъияти бад аст», — гуфтааст Ҳилола Алимова, муовини директори беморхонаи якуми махсусгардонидашудаи бисёрсоҳаи бемориҳои сироятии Зангиата, хабар медиҳад сомонаи «Подробности.уз».

«Вақтҳои охир дар байни беморон шумораи зиёди кӯдакони то 18-сола ва ҷавонон, инчунин аҳолии дорои қобилияти кории аз 30 то 40 сола мушоҳида мешаванд. Ин ба он вобаста аст, ки ҷавонон қойидаҳои беҳдоштӣ — эпидемиологиро риоя намекунанд. Аксари касоне, ки дар шуъбаҳои эҳёгарӣ бистарӣ шудаанд, аз ҷумлаи калонсолоне мебошанд,  ки аз эмгузаронӣ саркашӣ кардаанд», — зикр  кардааст вай дар мавҷи шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24».

Ба гуфтаи Алимова, тайи чанд рӯзи охир афзоиши босуръати беморшавӣ, бистарӣ шудан ва шумораи беморони вазнин мушоҳида мешавад.

«Агар дар аввали моҳ ҳар рӯз 40-50 бемор бистарӣ мешуда бошанд, пас имрӯз — 140-150 нафар. Ин воқеан вазъияти бад аст ва маъмулан, ин беморон аз як оила ва ё касоне мебошанд, ки дар як чорабинӣ — зодрӯзҳо, тӯйҳо иштирок кардаанд. Сироятёбӣ бо ин вирус ба маротиб афзудааст», — афзудааст  вай.

Бадии кор дар ин аст, ки занони ҳомила ҳадафи ин беморӣ қарор мегиранд. Дар Зангиот аллакай беш аз 800 зани ҳомиладор табобат гирифтанд ва ҳоло тақрибан 95 нафари онҳо барои саломатии фарзандони худ мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш Ӯзбекистон доманаи фарогирии эмгузарониро васеъ кард. Акнун он барои одамони аз синни 50 — сола боло дастрас аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2021 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон