Ӯзбекистон қойидаҳои вурудро барои шаҳрвандони кишварҳои дигар шадидтар кард. Дар ҷумҳурӣ сатҳи сироятёбӣ бо коронавирус якбора баланд шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон супоридани ҳатмии тести ПТСР (ПЦР — тест) ҳангоми вуруд ба кишвар аз нав ҷорӣ карда мешавад. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қарори мазкурро қабул кардааст, хабар додааст «Sputnik»
Бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар мамлакат ва ҷаҳон ин дастур барои тамоми шахсоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, ҳатмӣ аст.
«Хадамоти санитарӣ — эпидемиологии беҳдоштӣ ва саломатии ҷамъиятӣ низоми санҷиши ҳатмии тестиро бо усули таомули занҷирии полимеразӣ барои тамоми ашхосе, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, ҷорӣ мекунад», — гуфта шудааст дар хабари Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Шарҳ дода шудааст, ки озмоиши тестии такрории ПТСР бояд пас аз як ҳафтаи ворид шудан ба Ӯзбекистон гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон дар охири моҳи январ барқарор карда буд.
Ҳанӯз 25 декабри соли 2020 дар Ӯзбекистон, баробари барқарор шудани иртиботи нақлиётӣ бо дигар кишварҳо, санҷиши фаврии тестӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нуқтаҳои сарҳадӣ ҷорӣ шуда буд. Аз 15 марти соли 2021 чораи мазкур бекор карда шуд.
Айни замон ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавирус дар Ӯзбекистон якбора зиёд шудааст. «Ин воқеан вазъияти бад аст», — гуфтааст Ҳилола Алимова, муовини директори беморхонаи якуми махсусгардонидашудаи бисёрсоҳаи бемориҳои сироятии Зангиата, хабар медиҳад сомонаи «Подробности.уз».
«Вақтҳои охир дар байни беморон шумораи зиёди кӯдакони то 18-сола ва ҷавонон, инчунин аҳолии дорои қобилияти кории аз 30 то 40 сола мушоҳида мешаванд. Ин ба он вобаста аст, ки ҷавонон қойидаҳои беҳдоштӣ — эпидемиологиро риоя намекунанд. Аксари касоне, ки дар шуъбаҳои эҳёгарӣ бистарӣ шудаанд, аз ҷумлаи калонсолоне мебошанд, ки аз эмгузаронӣ саркашӣ кардаанд», — зикр кардааст вай дар мавҷи шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24».
Ба гуфтаи Алимова, тайи чанд рӯзи охир афзоиши босуръати беморшавӣ, бистарӣ шудан ва шумораи беморони вазнин мушоҳида мешавад.
«Агар дар аввали моҳ ҳар рӯз 40-50 бемор бистарӣ мешуда бошанд, пас имрӯз — 140-150 нафар. Ин воқеан вазъияти бад аст ва маъмулан, ин беморон аз як оила ва ё касоне мебошанд, ки дар як чорабинӣ — зодрӯзҳо, тӯйҳо иштирок кардаанд. Сироятёбӣ бо ин вирус ба маротиб афзудааст», — афзудааст вай.
Бадии кор дар ин аст, ки занони ҳомила ҳадафи ин беморӣ қарор мегиранд. Дар Зангиот аллакай беш аз 800 зани ҳомиладор табобат гирифтанд ва ҳоло тақрибан 95 нафари онҳо барои саломатии фарзандони худ мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш Ӯзбекистон доманаи фарогирии эмгузарониро васеъ кард. Акнун он барои одамони аз синни 50 — сола боло дастрас аст.
АКС аз манбаъҳои боз








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






