13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар робита ба ин Вазорат аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур худро то соати 16:00-и 7 июл дар Раёсати иттилоот ва матбуот сабти ном кунанд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро (ШСД) баррасӣ ва ҳал мекунад, барои иҷрои қарорҳои Созмон ва баргузории машваратҳо дар доираи СҲШ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад. Раёсатро дар Шӯро вазири корҳои хориҷии давлати узв, ки дар он ҷаласаи навбатии ШСД баргузор мегардад, бар дӯш мегирад. Тибқи Низомнома дар бораи тартиби кори Шӯро, Раиси ШВКХ зимни анҷом додани тамосҳои беруна Созмонро намояндагӣ мекунад.
ДАР АКС: Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар ҷаласаи Шӯро, 9-10 сентябри соли 2020, шаҳри Москваи ФР. Акс аз бойгонӣ








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






