13 июл бар асари боронҳои пуршиддат дар бархе ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд шуд

Июль 14, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави якчанд ноҳияҳо омадани сел, раъду барқ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин офатҳо хонаҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои ёрирасону заминҳои наздиҳавлигӣ ва роҳҳо зарар диданд. 13 июл,  соати 18:05 сокини 18-солаи  деҳаи Новаки Ҷамоати деҳоти Ромитро, ки  дар чарогоҳи кӯҳии Ромит мол мечаронд, барқ зад. Номбурда бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 13 июл, тахминан соати  13:05 дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел омада, як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро ба самти маркази ноҳия баст. Дар натиҷаи сел лою лойоба  ба 7 хонаи истиқоматӣ ва 16 замини наздиҳавлигӣ  зарар расонид. Ҳоло комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият дошта, ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи  махсус ҷалб шуда, тозакунии роҳҳо ва ҳавлиҳо аз лойоба идома дорад.

Ҳамчунин дар ин рӯз соати 14:30-и вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Даҳагиёни Ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷаи офати табиӣ 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лой қисман зарар дида, ду мошин- яке тамғаи ГАЗ-66 ва дигарӣ КАМАЗ-ро сел бурд.

Дар деҳаи Оҳангарони ноҳияи Нуробод сел муваққатан роҳи деҳаро баст. Дар Ҷамоати деҳоти Комсомолобод сел 65 метр роҳро миёни деҳаҳои Сайдон ва Тугак шуста, 2 пули дорои аҳамияти маҳаллиро хароб кард. Роҳи мошингард муваққатан баста шудааст. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад.

Ҳамчунин дар ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳи Кӯҳӣ бар асари боло рафтани оби дарёи Зарафшон омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа роҳи байни шаҳрак муваққатан баста шудааст. Дар айни замон бо ҷалби техника ва одамон роҳ поккорӣ мешавад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 

АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати ҶТ

Июль 14, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид