Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҶСК «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ»-ро дар шаҳри Ҳисор пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд

Июль 2, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. 2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ»-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар осоишгоҳ ҳамагӣ 60 нафар фаъолият мекард, акнун баъди азнавсозӣ ва ба истифода додани бинои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии осоишгоҳ зиёда аз 1000 нафар мутахассис ва сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонии осоишгоҳ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.

Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» аз моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби ҳаёт» ва пудратчиёни ёрирасон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» ва «Дарё-2015» мебошад.

Бинои муолиҷавӣ дар масоҳати умумии 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар бинои мазкур дар як вақт то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта мешавад.

Ба мизоҷон табибони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланди касбӣ хизмат мерасонанд ва барои табобату истироҳати шаҳрвандон беҳтарин таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавӣ дастрас шуда, барои солимгардонии бадан низ шароити мусоид фароҳам аст.

Дар бинои фароғатӣ, ки аз панҷ ошёна иборат аст, барои баргузории чорабиниҳо чор маҷлисгоҳи хурду миёна сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 5762 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои асосии осоишгоҳ аз панҷ ошёна бо 500 кат пурра таъмир ва азнавсозӣ гардида, дорои ошхона барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, толори варзишӣ ва солимгардонӣ мебошад.

Дар бинои асосӣ ошпазҳо барои мизоҷон хӯрокҳои миллию парҳезӣ ва дархостӣ тайёр мекунанд.

Дар баробари фароғату табобат дар бинои мазкур барои гузаронидани мизҳои мудаввар, конференсия ва нишастҳои илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ шароити мусоид бо технология, роҳаткурсиҳо, тахтаҳои таблиғотӣ, тақвияти овоз ва дигар таҷҳизоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар толори варзишӣ истироҳаткунандагон метавонанд, ки дар як вақт ба варзиш машғул шаванд ва дар ин маркази варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои дохили осоишгоҳӣ ва дигар чорабиниҳо шароити муосир муҳайё гардидааст.

Бинои амфитеатр бо 560 ҷойи нишаст дар масоҳати умумии 983 метри мураббаъ ба таври замонавӣ сохта шудааст.

Дар бинои амфитеатр имкон аст, ки дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шабҳои эҷодӣ, барномаҳои консертӣ ва дигар тадбирҳои фарҳангию сиёсӣ, гузаронида шуда, имконият аст дар манитори калонҳаҷм филмҳо намоиш дода шавад.

Барои табобатгирандагон, сайёҳони дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандон 11 дукон дар шафати амфитеатр бунёд гардидааст, ки барои фурӯши доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, тӯҳфаҳо аз маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили ҳунарҳои кулолгарӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, чубкорӣ, заргарӣ, дуконҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум ва обҳои ташнашикан хизмат мерасонанд. Дуконҳои мазкур тарҳи замонавӣ дошта, бо санъати зебои миллӣ ороиш ёфтааст.

Каҳвахона-ошхонаи миллӣ бо 140 ҷой сохта шудааст ва масоҳати умумии бино 475 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Бино дар баробари таҷассуми нақшу нигори миллӣ дар муаррифии таомули миллати тоҷик, хусусан дар соҳаи таббохӣ ва хӯрокҳои миллӣ дар ояндаи наздик хизмати арзандаро анҷом хоҳад дод, зеро ба шаҳрвандони дохилию хориҷӣ беҳтарин ошпазҳо бо пешниҳоди навъҳои гуногуни хӯроки миллӣ, аз гиёҳу растаниҳои шифобахш ва тарзи пухтани он бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавии Тоҷикистон ва табобатии он хизмат мерасонанд.

Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» иншооти навинест, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо дастгоҳҳои муолиҷавию табобатии замонавӣ таъмин буда, беҳтарин мутахассисон ва табибон ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Бо итминон метавон гуфт, ки дар ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ низ бо мавҷудияти шароити зикршуда ва табиати биҳиштосо нақши муассир хоҳад гузошт.

Бахши гиёҳдармонӣ дар баробари оби табиии шифобахш аз имкониятҳои хуби табобату муолиҷаи беморон мебошад.

Дар назди осоишгоҳ хоҷагии ёрирасон бо дарахтони мевадиҳанда дар масоҳати 60 гектар бунёд гардидааст, ки барои бо меваҳои тару тоза таъмин намудани мизоҷон фаъолият хоҳад кард.

Чоҳи амудии оби маъдани осоишгоҳ дар чуқурии 1546 метр азнавсозӣ гардидааст. Оби маъдани мазкур хусусияти табобатӣ дошта, аз замонҳои пеш то ба рӯзгори мо барои табобати беморон, махсусан узвҳои ҳозима шуҳратёр шудааст.

Номи осоишгоҳ аз номи оби маъдани чашма гирифта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба аҳамият ва шуҳрати он маълумоти зиёде мавҷуд аст.

Сохтмони хати нави оби нӯшокӣ аз дарёи Чангоб дар масофаи зиёда аз 10 километр то осоишгоҳ сохта шуда, оби он ба меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ мебошад ва аз пиряху обҳои чашмаҳои қаторкуҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад.

Таъмири роҳҳои берун ва дохили осоишгоҳ дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, ободонии гирду атрофи осоишгоҳ дар майдони 9 гектар ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 700 метр канали селпарто ва дар масофаи 600 метр деворҳои такягоҳӣ сохта шудааст.

Сафолакпушии майдону роҳҳои атрофи биноҳои осоишгоҳ масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, 40 ҳазор дона дарахтони ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 1 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди осоишгоҳ дар баробари парвариши ниҳолу дарахтони маҳаллӣ — парвариши нодиртарин ниҳолу дарахтони сояафкан ба роҳ монда шудааст, ки дар ояндаи наздик табиати осоишгоҳро дучанд гуворо ва файзбахшу диданитар хоҳад кард.

Ҳамчунин дар масофаи 11 километр роҳи нақлиётгарди гардишгоҳи Алмосӣ то даромадгоҳи осоишгоҳ ба пуррагӣ мумфарш гардида, дар ду шафати роҳ пояҳои чароғҳои рӯшноидиҳанда насб шудааст.

Барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба корафтодагон хатсайри ҳаракати нақлиёт аз самти шаҳраки Ҳисор то Шоҳамбарӣ ва аз Шоҳамбарӣ то шаҳраки Ҳисор таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза ба хизмати аҳолӣ омодааст.

Сокинони се деҳаи атрофи осоишгоҳ баъди таъмири роҳи мошингард ва ташкили хатсайри нав метавонанд дар вақти кутоҳ бо сарфаи вақт ва маблағ ба макони дилхоҳ расанд.

Қаблан сокинони шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва дигар минтақаҳои кишвар аз сабаби набудани чунин шароити мусоиди истироҳату табобат бо сарфи маблағҳои калон ба берун аз кишвар мерафтанд. Акнун ин осоишгоҳ мушкилашонро осон ва орзуҳояшонро ҷиҳати солимии руҳу тан амалӣ сохт.

Иловатан бар ин хатсайри сайёҳӣ низ таъсис дода шуда, дар сурати фармоиш метавонад шавҳрвандонро аз манзили зист ва ҷои дархосткардаашон то осоишгоҳ бирасонад. Ба шаҳрвандон нақлиёт ва ронандагони дорои малакаи хуби касбӣ хизмат мерасонанд ва нархи хизматрасонӣ низ дастрас мебошад.

Барои дастрасии мизоҷон бо алоқаи хуби телефонӣ ва интернет хати баландсуръати интернет кашида шуда, дар ҳар як утоқ насб гардидааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити истироҳат ва табобат дар «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳии табобатӣ, муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба хизмати босифат ба мизоҷон ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” дар шаҳри Ҳисор 02.07.2021

Июль 2, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд