Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Викторович Володин ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорон ва меҳмонони ҷаласаро ба пойтахти мамлакат хайрамақдам гуфта, дар хусуси афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар соли 2021 идома дорад, ибрози назар карданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки фаъолияти СААД омили нигаҳдории сулҳу пойдорӣ дар минтақаи таҳти масъулияти он маҳсуб ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилаи кишварҳои аъзо дар доираи Созмон аҳамияти афзалиятнок медиҳад ва ҷонибдори кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои оинномавии он мебошад.
Аз ин рӯ афзалиятҳои раванди раёсати Тоҷикистон тамоми ҷанбаҳои амалу ҳамкории мутақобила дар бахши мудофиа ва амниятро, ки дар Нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар СААД инъикос ёфтааст, фаро мегирад. Дар ин робита тавсеаи амалҳои якҷоя дар масири Ассамблеяи Парлумонии СААД ҳамчун яке аз самтҳои асосии раёсати мо ба ҳисоб меравад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ диққати иштирокдорони ҷаласаро ҳамчунин ба масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши сиёсӣ, баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бар муқобили таҳдиду хатарҳои анъанавию муосир ба амният, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва киберҷинояткорӣ ҷалб карданд.
Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба тезутунд гардидани вазъият дар арсаи байналмилалӣ, бахусус вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар Афғонистон ҷалби фаъолонаи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли қазияи афғонӣ, инчунин андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон тақозо мегардад.
Бо дарназардошти пандемияи бемории КОВИД-19, муҳимияти муттаҳид сохтани талошҳо баҳри татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз хавфи бемориҳои сироятӣ ва идомаи корҳо ҷиҳати таъмини амнияти тиббию биологӣ зикр гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ — Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, давлатҳои мушоҳиди ин созмон-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Сербия, инчунин роҳбарияти Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат доштанд. Ҳайати парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон ва Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таври маҷозӣ ширкат намуданд.
Тибқи рӯзнома ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Бо ҳамин кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ба фарҷом расид.










Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид






