Аз 15 то 18 июл дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммади шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад

Июль 14, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июли соли  равон бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 июли соли равон ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ   «Ховар» хабар доданд, тибқи  банди 1 қарори мазкур  масъулини соҳа уҳдадор шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки   аз  чорроҳаи кӯчаи  С. Айнӣ бо якум гузаргоҳи кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.

Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 14, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд