Барқияҳои изҳори тасаллӣ аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи таслияти худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари азиз!
Хабари ҳузнангези марги бармаҳали хоҳари маҳбуби Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова моро сахт андӯҳгин намуд.
Дар ин рӯзҳои душвор ва ғамангез ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон эҳсоси ҳамдардии самимӣ ва тасаллияти амиқ изҳор менамоем.
Аз Аллоҳи бузург хоҳиш дорам, ки рӯҳи рафтагонро баракат диҳад ва инчунин ба Шумо ва наздиконатон тасаллӣ, ҳамраъйӣ ва сабр фиристад».
Дар Паёми таслияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Лутфан таъзияи амиқи маро дар робита бамарги бармаҳали хоҳаратон, муҳтарам Қурбонбӣ Раҳмонова қабул фармоед.
Мутаассифона, вируси маккор аз байн бурдани ҷони азизони моро бераҳмона идома медиҳад.
Хотираи неки хоҳари Шумо дар дили тамоми халқи тоҷик ҳамчун як шахси дорои меҳрубонӣ ва хиради фавқулода, ки тамоми ҳаёти худро ба фаъолияти пуршарафи тарбияи насли навраси арзанда бахшидааст, боқӣ хоҳад монд.
Ба талафоти ҷуброннашавандаатон ҳамдард буда, ба Шумо ва наздиконатон дар ин лаҳзаҳои душвор сабру таҳаммул мехоҳам».
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси дар номаи таслияташ чунин нигоштааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари даргузашти хоҳари азизатон Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андӯҳи амиқ дарёфтам.
Даргузашти шахси наздик фоҷиаи ислоҳнопазир аст. Ба Шумо ва пайвандонатон ғамшарикам.
Итминон дорам, ки симои дурахшони марҳум, ки дар иди муқаддаси Қурбон ба файзи Аллоҳ гузаштааст, дар қалби пайвандон ва дӯстон ҷойгоҳи фаромӯшнашаванда хоҳад гирифт.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо, оилаатон ва тамоми мардуми Тоҷикистон изҳори тасаллӣ мекунам».
Дар барқияи таслияти Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов гуфта мешавад:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Лутфан таъзияи амиқи маро дар робита ба вафоти бармаҳали хоҳаратон Қурбонбӣ Раҳмонова қабул фармоед.
Дар ин лаҳзаи душвор ба ғаму андӯҳатон шарик буда, ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва таҳаммул мехоҳам.
Аз Аллоҳи муттаъол хоҳиш мекунам, ки марҳумро мағфират кунад ва дар биҳишт ба ӯ осоиштагӣ ато фармояд».








Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд






